мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бирама Боубакар Сидибе
27 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки исломии рушд Бирама Боубакар Сидиберо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Бирама Боубакар Сидибе Тоҷикистонро яке аз узви бисёр муҳим, фаъол ва ташаббускори Бонки исломии рушд номида, изҳор дошт, ки ӯ ба ин ҷо барои баррасӣ ва дарёфти роҳҳои рушди ҳамкории минбаъда ва кӯмакрасонӣ баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ омадааст.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз замони узвияти Тоҷикистон дар Бонки исломии рушд, яъне аз соли 1997 ба ин сӯ, дар ин ҷо 19 созишномаи қарзӣ ва 11 лоиҳаи грантӣ бо дастгирии молиявии бонк амалӣ шуданд.
Айни ҳол дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки исломии рушд 8 лоиҳаи инвеститсионӣ сармоягузорӣ мешавад, ки маблағи умумии онҳо 91,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки мутобиқи барномаи сесолаи ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд то соли 2011 дар Тоҷикистон 7 созишномаи қарзӣ ба маблағи 80 миллион доллар ва 5 лоиҳаи грантӣ ба маблағи 1,3 миллион доллар амалӣ хоҳанд шуд.
Таъкид ёфт, ки дар ҷараёни ҳамин сафар Бирама Боубакар Сидибе ду созишномаи қарзии Бонки исломии рушдро бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба имзо мерасонад, ки мутобиқи онҳо 20 миллион доллар барои сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб ва 10 миллион доллар барои маблағгузории лоиҳаҳои хурди рушди деҳот ҷудо карда хоҳад шуд.
Бирама Боубакар Сидибе ҳамчунин иттилоъ дод, ки барои муайяну мушаххас намудани роҳҳои густариши ҳамкории минбаъда ва ҳаҷми кӯмакҳои ояндаи молиявӣ ба Тоҷикистон ба наздикӣ ба шаҳри Душанбе гурӯҳи кории Бонки исломии рушд ташриф хоҳад овард.
Дар Тоҷикистон таъсис додани як бонк, ки бо усулҳои исломии бонкдорӣ фаъолият дошта бошад, зарур шумурда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2039