фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳматуллозода Матлуба аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Ҳасанзода Машҳура Ҳасан аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе,
Додарбеков Усмон аз вазифаи судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 12 январи соли 2017, № 800
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.01.2017 №: 9 Мутолиа карданд: 5158