туризм
КВДҲ «Тоҷик Эйр» рақобатпазир аст
Воқеан, таҳлили интиқоли мусофирон бо ҳавопаймоҳо нишон медиҳад, ки дар шаш моҳи аввали соли 2009 Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 33,57 ҳазор мусофир кам интиқол додааст. Сабабаш коҳиш ёфтани талабот дар замони бӯҳрони молиявӣ мебошад. Дар хатсайрҳои дохилӣ 83,33 ҳазор мусофир ба ҷойҳои лозима интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 14,88 ҳазор камтар аст, ки сабабаш ихтисори парвозҳо ба самти Хоруғ ва Панҷакент аст.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон 18 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 9 ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Русия, ба ҷумҳурӣ парвозҳоро ба иҷро расониданд. Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар ин давра 242,2 ҳазор мусофирро интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 фоиз кам мебошад. Аз моҳи марти соли равон парвозҳои мунтазам бо хатсайрҳои Кӯлоб –Москва, Қӯрғонтеппа –Москва, Екатеринбург, Новосибирск ва аз моҳи июн парвозҳо ба самти Сочӣ ва Иркутск оғоз ёфтанд. Ба таври мунтазам парвозҳои чартерӣ (фармоишӣ) дар хатсайрҳои Хуҷанд –Нижневартовск, Сургут, Самара, Ростови соҳили Дон, Красноярск, Новосибирск, Тюмен ва Қӯрғонтеппа –Челябинск ба роҳ монда шудааст.
-Барои кушодани хатсайр ба шаҳри Мюнхени Олмон, кишварҳои Ҳиндустон ва Покистон корҳо идома доранд. КВДҲ «Тоҷик Эйр» барои кушодани хатсайр ба шаҳри Тошканд тамоми корҳоро ба анҷом расонд, аммо аз сабаби набудани шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳар ду ҷониб имкони роҳандозӣ кардани парвозҳоро надоранд, ки ду кишвари ҳамсояро бо ҳам бипайвандад, - гуфт зимни нишаст Валерий Шарифов, муовини аввали директори генералии КВДҲ «Тоҷик Эйр».
Муҳаммадзоиршоҳи ШАРИФЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7292