барқияҳо
Барқияи тасаллият ба Президенти Қирғизистон
16 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Муҳтарам Алмазбек Шаршенович!
Аз хабари суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки боиси марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, андуҳгин гаштам.
Ба тамоми мардуми дӯсти Қирғизистон вобаста ба ин фоҷиа тасаллияти амиқ изҳор намуда, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтанро ба тамоми осебдидагон расонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2017 №: 11-12 Мутолиа карданд: 5070