энергетика
Барқи дили
Сангтӯда
Ҷовиди Аштӣ, хабарнигори «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд, бо Муҳиддини Хоҷазод, нависанда, муаллифи романи сегона, ки ба иншоотҳои бузурги давр –нерӯгоҳҳои Норак, Роғун ва
Сангтӯда бахшида шудаанд, ҳамсӯҳбат гардид.
-Устод, аслан таълифи романи «Барқи дили Сангтӯда» хонандагони асилро ба тааҷҷуб наовардааст. Албатта, аз он рӯ, ки бо романи «Об –рӯшноӣ»-атон ошноӣ доштанд. Яъне романе, ки дар бораи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак буд ва ҳам аз беҳтарин асарҳои Шумо дар он даврон ба шумор мерафт. Аммо хонандагонатон, аз ҷумла ман аз он шод гардидему ифтихор намудем, ки ба бузургсолии худ нигоҳ накарда, дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда -1» иштирок намудед ва чунин як асари хонданиро пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардонидед.
-Мефаҳмам, Шумо донистан мехоҳед, чӣ маро водошт, ки дар ин синну сол ба Сангтӯда бираваму дар бораи сохтмони нерӯгоҳи он роман таълиф намоям.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, борҳо дар ҷамъомаду мулоқотҳояшон дастур медоданду пешниҳод мекарданд, ки нависандагон бо дастовардҳои замони истиқлол, сохтмонҳои иншоотҳои азими давр аз наздик ошно шаванд ва асарҳои ҷолибу хонданӣ таълиф намоянд. Ман наметавонистам, ки чунин як пешниҳоди зарури сардори давлатро напазирам.
Пас аз чунин даъват гуфтам, ки бояд бо сохтмони «Сангтӯда -1» аз наздик ошно шаваму дар бораи ин дастовард асар таълиф намоям. Хушбахтона, дар амали ин нияти нек худро аз нигоҳи рӯҳониву ҷисмонӣ пурқувваттар дарёфтам. Ва ҳам дар ин сохтмон тандурустиям беҳтар аз пештар гардид.
-Омӯзиш, таълиф мушкил набуд?
-Дар ин роман чунин ҷумлаҳо ҷой доранд, ки фикр мекунам, ёдовар шудан аз он ҷавоб ба ин пурсиш аст: «Одатан, вақте ки кас ба сари кор дар либоси расмӣ меояд, гуфтаҳои коргар ҳам расмӣ садо медиҳад: планамро барзиёд иҷро мекунам, маошам нағз, зиндагиям дуруст. Аммо вақте ки ба сар кулоҳи оҳанӣ, ба по мӯзаи резинӣ доред, чакушу вибратор ба даст баробарашон меҳнат мекунед, коргар ҳам дил кушода шамма-шамма аз зиндагии худ, бурду бохти худ, ғаму ташвиши худ ба шумо гуфтан мегирад».
Ва ё: «…чӣ хосияте дошт ин гӯшаи аз олам ҷудо, ки мардум бо ҳавсалаи том макону манзил кардаанд ва ҳарчанд ин маҳал Сангтӯда ном дорад, аҷаб хурраму дилрабо метобад».
Бо иштирок дар ин сохтмони азим кас ба чашми сар корнамоиҳои мардони бонангу номуси кишварро мебинаду ба ваҷд меояд. Дар ин ҳол худро андаке ҳам бошад, саҳмгузор мебинӣ, аз ояндаи нек ва шукуфоии кишвар шод мегардӣ. Ба миллатат, давлатат, бештар эътимод мекунию ифтихор. Ин ҳама, албатта, файзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошад.
-Дар сӯҳбати Шумо ин фараҳмандӣ, ифтихор, муҳаббат ошкор мешавад ва ба осонӣ дарёфтан мумкин аст, ки аз иштирок дар ин сохтмон ва таълифи асар қонеъ ҳастед.
-Медонед –чӣ, истиқлолият барои мо имкон фароҳам овард, ки дар ҳама ҷабҳаҳои кору зиндагӣ андешаи солими худро дошта бошем. Ба ҷуз ин бо гузаштани чанд соли баҳрабардорӣ аз файзи истиқлол фаҳмидем, ки бе иқтидори маънавӣ ва иқтисодӣ мо ба ҳеҷ як пешрафт ноил гардида наметавонем.
Ман, ки қисми зиёди эҷодамро ба сохтмони иншоотҳои муҳими кишвари азизам бахшидаам, хурсанд аз он шудам, ки сохтмони Сангтӯда оғоз меёбад. Вақте ба он ҷо мерафтам, дӯстону наздиконам гуфтанд, ки Шумо сохтмонҳои Норак, Роғунро дидаед, чаро боз нияти иштирок дар ин сохтмонро кардед? Аз таҷрибаҳо медонам, ки ҳар як сохтмон хусусияти хос ва қаҳрамонони худро дорад, бахусус Сангтӯда, ки дар муҳити нав, фазои соҳибистиқлолӣ сохта мешавад.
Бояд ҳамчун адиб ин нуктаро таъкид намоям, ки зиндагӣ дар ҷӯш аст ва онро дар хона нишаста, дарк карда намешавад. Агар адиб худро ба чунин ҷабҳаҳо занад, ҳақиқати зиндаро дармеёбад ба дониши худ меафзояд, тафаккури худро ба маънии мусбаташ тағйир медиҳад.
- То чӣ андоза ба мақсади худ дар ҷараёни сохтмон ва ҷараёни таълифи асар муваффақ гардидаед?
- Гуфтам, ки Сангтӯдаро насли нав дар муҳит ва фазои нав сохтанд. Дар ин ҷо нерӯи асосии бунёдкорон мутахассисони маҳаллианд. Агар пештар, яъне дар Норак насли дигар падарону бобоён фаъол бошанд, акнун писарон ин ташаббусу корнамоиро ба даст гирифтаанд. Инчунин, агар таҷрибаи сохтмони нерӯгоҳи Норак ва марҳилаи аввали сохтмони нерӯгоҳи Роғун намебуд, мо дар Сангтӯда аз нарасидани қувваи корӣ танқисӣ мекашидем. Бо чашми худ дидаму дар тааҷҷуб афтидам. Сохтмони Сангтӯда зуд авҷ гирифт. Мардум бо самимият, ғайрати тоза, боварӣ ба кор часпиданд. Зарурати иншоотро ба хубӣ дарк мекарданд. Фаҳмиданд, ки сохтмони нерӯгоҳ ин ҷойи кор ва ободист. Бунёди нерӯгоҳ барои аз худ кардани касбҳои дигар сабаб гардид. Ва диданду дарёфтанд, ки он ба бунёди шаҳри нав асос гузошт. Бо бунёди он сатҳ ва тарзи зиндагии гирду атрофи нерӯгоҳ ба маънии мусбаташ дигар мешуду манзилҳои нави замонавӣ қомат меафрохтанд. Албатта, ин дар шумори иҷрои муваффақонаи мақсади ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст. Ва то ҷое дастовардҳои ман низ ба шумор меравад, чи дар сохтмон, чи дар зиндагӣ ва чи дар асар.
-Соли гузашта нашриёти Хуҷанд романи сегонаи Шуморо, ки ба иншоотҳои бузурги Норак, Роғун ва Сангтӯда бахшида шудаанд, ба табъ расонд ва дастраси хонандагон гардонд. Таълифи боз кадом асарро дар нақша доред?
-Мехостам, ки ин романи сегона дар шаҳри Душанбе низ нашр гардад, то ба дасти ҳама ҳаводорони каломи бадеъ бирасад.
Ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта як услуби навишт дар ман пайдо шуд, ки чун рубоист, вале шеър нест. Ба насри мусаҷҷаъ монандӣ дорад ва лавҳаҳо аз лаҳзаҳои зиндагӣ мебошанд. Дар давоми бист сол ҷамъ омад. Онро бо номи «Ҳусни олам одам аст» дар нимаи дувуми соли ҷорӣ ба чоп мерасонаму дастраси хонандагон мегардонам. Албатта, таълифу чопи очерку ҳикояҳо низ дар назар аст, хоса дар бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4965