фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи эълон намудани соли 2017 «Соли ҷавонон»
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, саҳми онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳким бахшидани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, фармон медиҳам:
1. Соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон карда шавад.
2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои Фармони мазкур таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 январи соли 2017, № 812
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.01.2017 №: 13 Мутолиа карданд: 4888