энергетика
«Сангтӯда-1» ба истифодаи
пурраи саноатӣ супурда шуд
Субҳи 31 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар маросими ба истифодаи пурраи саноатӣ супурдани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳузури сарони ду давлат нахуст санади қабули давлатии иншооти Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» ба имзо расид.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев тугмаро пахш намуда, агрегати чаҳорум ё худ охирини нерӯгоҳро ба кор дароварданд ва ин иншооти таҷассумкунандаи дӯстӣ ва ҳамкории стратегии ду кишвар ба истифодаи пурраи саноатӣ супурда шуд.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар саҳни ҳавлии бинои асосии нерӯгоҳ ба умеди дӯстии абадии миёни Тоҷикистону Русия як навниҳоли ҳамешасабз шинонданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар назди анбӯҳи зиёди бинокорони нерӯгоҳ ва намояндагони сершумор аз қишрҳои гуногуни ҷомеа суханронӣ намуда, пурра ба кор шурӯъ намудани ин иншооти азимро ба онҳо ва тамоми мардуми Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Ба гуфти сарони ду давлат, дӯстию рафоқат ва ҳамкории дорои собиқаи пурғановату беназири бинокорони иншооти гидротехникӣ яке аз ҳазорон риштаҳои устувор аст, ки пайванди ногусастании халқҳои Тоҷикистону Русияро таъмин менамоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4904