мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон
бо Ҳомид Карзай
Нимаи дуюми рӯзи 29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба шаҳри Душанбе баҳри анҷом додани вохӯриҳои дуҷониба, сеҷониба ва чорҷониба бо сарони Тоҷикистону Покистону Русия ташриф овардааст, мулоқот намуд. Дар он масъалаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.
Сарони ду давлат аз пайвастагӣ ва мазмуну мӯҳтавои робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамгироиҳои амниятии сохторҳои дахлдори ду кишварро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.
Сӯҳбати сарони Тоҷикистону Афғонистон нахуст дар мулоқоти як ба як, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб ҷараён гирифт.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки интихоботи пешомади Раиси Ҷумҳурии Афғонистон ва натиҷаҳои он ба таҳкими минбаъдаи амнияту субот ва рушди иқтисодиёти ин кишвари азияткашида мусоидат мекунад.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ роҳи асосӣ ва бешубҳаи таҳкими субот дар Афғонистон аст.
Аз ин хотир, сарони ду давлат ба таҳкиму густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ бо фарогирии тамоми кишварҳои манфиатдори минтақа омодагии худро таъкид намуданд.
Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ ба манзури болобарии иқтидори содиротӣ ва транзитии ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон маънидод гардид.
Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо миёни Точикистону Афғонистон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ аз 27 апрели соли 2005;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии об ва чорводории Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ баҳри гузарондани чорабиниҳои зидди малах ва ҳашароти зараррасони дигари махсус хавфнок ва касалиҳои растанӣ .
Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай дар маросими оғози сохтмони бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи бунёди бинои асосии сафоратхона гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни суханрониҳои табрикӣ , аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин ҷо дар майдони 1 гектар замин биноҳои маъмурии сафорат ва манзилҳои истиқоматии кормандони он бунёд хоҳанд ёфт.
Сарони ду давлат бунёди бинои нави сафоратро ба кулли шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон ва қабл аз ҳама, онҳое, ки миёни ду кишвар равуою ҳамкорӣ доранд, табрику таҳният гуфтанд.
Шанбе, 1 августи соли 2009. № 96 (21 603). Соли 85-уми нашр.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2006