энергетика
"ЭНЕРГИЯИ САБЗ". ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ 6 КИШВАРИ ПЕШСАФИ САЙЁРА
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ буд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки “Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне, неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад”. Ин навъи манбаъҳои энергетикӣ безарар буда, ба вазъи экологии муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад. Расидани Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад, зеро он заминаи бунёдӣ барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи зиндагиву хизматрасонӣ ва пешбурди иқтисодиёт мебошад. Зимнан, мавриди истифода қарор додани “энергияи сабз” аз тарафи ниҳодҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳама вақт қобили дастгирӣ мебошад. Сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, яъне, сиёсати “дарҳои кушода”, имкон дод, ки сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бештар ҷалб шавад.
Ҳар як кишвари ҷаҳон вобаста ба мавқеи ҷуғрофиаш дорои иқлими ба худ хос ва сарватҳои табиии гуногун мебошад. Тоҷикистон аз сатҳи баҳр хеле баланд ҷойгир буда, захираҳои нафтӣ камтар дорад. Аммо он аз ҷиҳати захираи обӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Пас, роҳи асосӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ин боз ҳам бештар истифода бурдани манбаъҳои гидроэнергетикӣ мебошад. Тибқи ҳисобҳо танҳо истифодаи 30 дарсади захираҳои обӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо ба истиқлолияти энергетикӣ бирасад, балки ҳар сол ба маблағи 2 миллиарду 77 миллион доллари амрикоӣ неруи барқ содир намояд.
Бояд зикр кард, ки Пешвои миллат ҳамчун ташаббускори фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи захираҳои об ҳамеша дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи ин арзиши моддии ҷаҳонӣ иқдом менамоянд. Хурсандибахш аст, ки дар Паёми Президент аз қабул гардидани иқдоми навбатии Сарвари давлат, яъне, пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” хабар ёфтем. Маҳз дар рӯзи ироаи Паёми Президент аз тарафи раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ин муносибат унвонии Пешвои миллат ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон расидани табрикот рӯйдоди муҳиму фоли нек аст. Аз ин рӯ, бояд тамоми мардуми Тоҷикистон дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар ҳамбастагӣ бо мардумони кишварҳои дигар баҳри татбиқи ин ташаббуси бузурги созандаю наҷиб кӯшиш намоянд. Боварии комил дорем, ки тамоми аҳолии Тоҷикистони азиз барои татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат, ки ҳидоят ба фардои боз ҳам дурахшон дорад, талош меварзанд.
Қурбониён Меҳрдод СУБҲОНӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.01.2017 №: 14-15 Мутолиа карданд: 19589