барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ВЕНГРИЯ
21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла кӯдакону наврасон, бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Венгрия фоҷиабор ҳамдардии амиқи инҷонибро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2017 №: 17 Мутолиа карданд: 4589