logo

порлумон

ҚОНУНИ МИЛЛӢ. ҲАНӮЗ ҲАМ БАЪЗЕ МУҚАРРАРОТИ ОН РИОЯ НАМЕГАРДАД

Имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  10 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат қонуни  мазкур барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва раҳоӣ аз хурофоту одатҳои ба мардуми шарифи Тоҷикистон нолозим хидмати арзанда кард. Ҳоло меъёрҳои қонун ба умқи зиндагии мардум роҳ ёфта, ба урфу одат мубаддал мегарданд.
Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатӣ  ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад. Дар ҳақиқат, ин пешниҳоди Сарвари давлат барои баланд бардоштани маърифат ва савияи дониши наврасону ҷавонон мусоидат мекунад. Дар сурати ба роҳ мондани  таълими  қонунҳои мазкур дар муассисаҳои таълимӣ, хонандагон аз муҳтавои онҳо дар хурдсолӣ шинос мешаванд ва он дар зеҳнашон маҳкам ҷой мегирад.
Дар мавриди  эроди Президенти кишвар  оид  ба  баланд будани сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Азизулло Мирзозода бо таассуф иброз дошт, ки чунин ҳолатҳо дар фаъолияти баъзе аз масъулони соҳа дар шаҳру навоҳии кишвар ба мушоҳида мерасад. Комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таблиғу ташвиқ, фаҳмондани моҳияти қонун ва риояи талаботи он, бахусус мубориза бар зидди коррупсия дар соли гузашта беш аз 12 ҳазор  суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд. Тавре маълум гашт, дар баъзе ҳолатҳо, масалан дар вақти гирифтани тавсиянома барои сабти маърака, ки  ройгон аст, соҳибони маърака ё бо талаби шахси мутасаддӣ ё аз пеши худ маблағи муайяне медиҳанд. Ин амал хилофи қонуни танзим аст. Мутобиқи маълумоти Раёсати омори судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаригашта вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 912 парванда ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ворид шуда, 767 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Маблағ аз ҳисоби ҷаримаҳои парвандаҳои баррасишуда 2 миллиону 427 ҳазору 590 сомониро ташкил медиҳад.  Кормандони кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 116 рейд гузаронда, 80 ҳолати қонуншиканиро ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Ҳамчунин, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ эҳтимолияти содир намудани қонуншиканӣ дар беш аз 150 ҳолат пешгирӣ карда шуд.       
Ба гуфтаи Азизулло Мирзозода, бо мақсади муташаккилона ва дар сатҳи баланд ташкил намудани маъракаи адои ҳаҷ низ аз тарафи кумита тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Дар моддаи 12 - и қонуни танзим омадааст, ки маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронда мешавад. Ташкили маъракаҳои ҳоҷиталабон ва ҳоҷиошӣ қатиян манъ аст. Кумита ҷиҳати назорати риояи қонуни мазкур дар мавсими «Ҳаҷ - 2016» панҷ гурӯҳи корӣ таъсис дод. Аъзои ин гурӯҳҳо аз манзили зисти зиёда аз 600 ҳоҷӣ дидан намуда, 80 ҳолати қонуншиканиро пешгирӣ ва нисбат ба 43 нафар, ки талаботи қонунро риоя накардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба судҳо барои чораандешӣ ирсол намуданд.
-  Боиси таассуф аст,  ки ба хотири эҳтироми баъзе ҳоҷиҳо, пас аз адои маносики ҳаҷ, наздикону пайвандонашон дар масофаи аз сад то дусад метр қолин партофта, пешвоз мегиранд.  Хуб мешуд, ки ба ҷойи ин худнамоӣ ва карруфари дурӯза, ҳамон кӯчаҳои назди хонаҳояшонро сангфаршу мумфарш намуда, роҳаташро ҳамарӯза ва савобашро мутадовим ба даст биёранд. Мо - масъулонро зарур аст, ки фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро тақвият бахшида, якҷо бо аҳли ҷомеа риояи пурраи қонунро таъмин намоем,- иброз дошт Азизулло Мирзозода.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2017    №: 17    Мутолиа карданд: 5859
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед