logo

туризм

САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ. ЧӢ БОЯД КАРД?

Чанд сол муқаддам аз телевизиони «Мир» барномаеро дар бораи урфу одати бародарони бадахшонӣ тамошо кардам. Рӯзноманигор бо самимияту таҳайюр дар бораи меъмории ғайриодии манзилҳои зисти бадахшониҳо, хӯроки онҳо, аз ҷумла ширчойи машҳур, Боғи ботаникии Помир, Гармчашма ва ғайра нақл менамуду наворҳои ҷолиб пешкаш мекард. Бо ҳавас тамошо намудам, вале хиҷолат ҳам кашидам, ки то кунун дар Бадахшон набудаам, бо урфу одати сокинони ин гӯшаи диёр ба хубӣ ошно нашудаам. Ин барнома бароям он қадар маълумот дод, ки то кунун аз сарчашмае нагирифта будам. Иқрор мешавам, ин гуноҳи ман ҳам ҳаст, вале на танҳо ман. Ин мушоҳида муқаддимаи мавзӯест, ки мехоҳам матраҳ кунам. Сухан аз вазъу рушди сайёҳии дохилӣ меравад.

Ниҳодҳои дахлдор, ширкатҳои сершумор ба ин самт таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намекунанд. Бештар ба ҷалби ҳамватанон ба боздид аз хориҷи мамлакат ва ё сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон машғуланд. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат  пешниҳод намуданд, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад. Ин иқдоми Сарвари муаззами кишвар саривақтӣ буда, бо итминон метавон гуфт, ки баъди таъсиси сохтори алоҳида таваҷҷуҳ ба сайёҳии дохилӣ низ бештар хоҳад шуд.  Ҳоло бошад, мо ағлаб дар бораи Бадахшону Рашту Ҳисор, Кӯлобу Балҷувону Сари Хосор ва дигар манотиқи мамлакат тавассути васоити ахбори омма ошно мешавем.  Ҳол он ки ваҳдати воқеӣ аз рафтуомад ба хона, деҳа, ноҳия, шаҳри ҳамдигар, шиносоӣ бо урфу одат, анъана ва хислатҳои умдаи сокинони манотиқи гуногуни кишвар ибтидо мегирад. Агар мо битавонем  сайёҳони дохилиро дар хонаҳои хоҳишмандон ҷой бидиҳем, нуран ало нур мешавад. Ин таҷриба кайҳост, ки дар мамолики мутамаддин роиҷ аст.
Ба гуфтаи масъули бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Некрӯз Кенҷаев, соли гузашта ҳамагӣ 330 нафар сайёҳи дохилӣ аз ин куҳандиёр боздид кардаанд. Оё ширкатҳои сайёҳии сершумор наметавонанд саёҳати гурӯҳии ҳамдиёронро ба шаҳру навоҳии мамлакат ташкил намоянд, онро тарғиб кунанд, мардумро ба боздид аз Панҷакенту Хуҷанду Истаравшан, Исфараю Кӯҳистони Мастчоҳ, водии сеҳрангези Яғноб, Хатлон, Ҳулбук, Ҳисори Шодмон, водии Рашт, Кӯлоб, Сари Хосору Балҷувон, Муъминободу Бадахшон ҷалб намоянд? Собиқадори соҳаи сайёҳӣ, сарвари ширкати сайёҳии «Панҷакент-тур» Абдурасул Шарифбадалов, ки чойхонаи зебои «Саёҳат» - ро бо нақшу нигори миллӣ, тимсоли як осорхона бунёд кардааст, ҷонибдори ташкили саёҳати гурӯҳӣ мебошад. Зикр кард, ки соли гузашта як гурӯҳ мӯйсафедон аз шаҳри Конибодом бо амри дил  мошинеро киро намуда, ба Панҷакент омаданд. Онҳо оромгоҳи устод Рӯдакӣ ва ёдгориҳои беназири таърихии ин шаҳри куҳанбунёдро тамошо  карданд. Меҳмононро дар чойхонаи «Саёҳат» пазироӣ намуда, гусел кардем.
Ба назари ӯ, ташкили чунин гурӯҳҳо аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ чандон мушкил нест ва хароҷоти зиёдро низ талаб намекунад. Масалан, агар гурӯҳи ҳафтнафараро бо хатсайри Панҷакент - Душанбе - Хатлон ба сайру саёҳат барем, хароҷот ба ҳар нафар тақрибан 900-950 сомониро ташкил медиҳад. Ин барои панҷ рӯз ва ба он хидмати нақлиёт, меҳмонхона, хӯрок, роҳбалад, боздид аз осорхонаҳо ва дигар хароҷот дохил мешавад.  Вақте Абдурасул Шарифбадалов дар ин мавзӯъ суҳбат мекард, замони мактабхониам ба ёд омад. Устодон моро бо автобуси ширкатҳои сайёҳӣ ҳангоми таътили зимистона ё тобистона ба тамошои шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Фарғона мебурданд. Бо як ҷаҳон таассурот бармегаштем ва ин хотираҳо то ҳанӯз дар зеҳнамон боқӣ мондаанд. Вақте донишҷӯ будем, ҳамроҳи устоди гиромиамон, шодравон Алиакбар Муъминов ба шаҳри Маскав рафтему он ҷо дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин бо аллома Бобоҷон Ғафуров мулоқот кардем. Ҳоло бошад, аксари мактабиёни деҳоти Панҷакент дигар шаҳру ноҳияҳоро як сӯ гузорем, ҳатто аз Панҷурӯд - зодгоҳи устод Рӯдакӣ, Саразму Панҷакенти қадим боздид накардаанд.
Бо тақозои вазифаи хидматӣ ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе зиёд меравам. Дар ягон ҷо эълонеро нахондаам ва ё аз касе нашунидаам, ки масалан, ширкати сайёҳие хоҳишмандонро ба сайри Панҷакенту Хуҷанду Қӯрғонтеппа, Кӯлобу Рашту Бадахшон даъват карда бошад. Ин дар ҳолест, ки ба ҳама минтақаҳои мамлакат, ҳатто дар фасли сармо, роҳҳо бозанду бо талошҳои пайвастаи Сарвари муаззами кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу пулу нақбҳои замонавӣ бунёд ва Тоҷикистон ба як мамлакати воҳид табдил ёфтааст. Ин заминаи воқеии таҳкими ваҳдат, миллатсозӣ ва аз байн бурдани маҳалгароӣ низ ҳаст. Афсӯс, ки мо ҳанӯз аз ин имконият истифода намекунем.
Турдибой СОЛЕҲЗОДА, шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2017    №: 18    Мутолиа карданд: 6349
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед