logo

энергетика

БАРҚИ ШАБОНАРӮЗӢ. БАРОИ РУШДИ БОСУБОТ ИМКОНИ БЕШТАР ФАРОҲАМ МЕОРАД

Аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои  асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт: дар ин ҷода бо талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат корҳои зиёд  ба анҷом расиданд. Дар кишвар тавассути барқарор намудани инфрасохтори мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, паст кардани талафоти он ва бунёди марказҳои нави барқу гармидиҳӣ натиҷаҳои хуб ба даст омаданд. Ниҳоят, эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба неруи барқ бароварда гардид, аҳолӣ пурра бо барқ таъмин шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ин иқдоми нек бо ифтихор ва сипосгузорӣ истиқбол намуд.

Сокинони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки ҳоло пурра бо неруи барқ таъминанд, аз пешрафти минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия, ки ба мавҷудияти доимии неруи барқ бастагии калон доштанд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Феълан, барои корхонаи истеҳсоли чойҳои шифобахши «Шифочой» - и ноҳия аз байн рафтани маҳдудияти барқ хеле бамаврид мебошад. Зеро фаъолияти корхона бо ҷалби занони маҳаллӣ аз ин ба баъд боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Роҳбари корхона Саидаҳтам Акрамов бо барқ пурра таъмин гардидани корхонаҳои истеҳсолиро ҷиҳати афзоиши иқтидори истеҳсолот ва  рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ муҳим арзёбӣ намуд. Корхона нақша дорад, бо назардошти шароити мусоид ва талаботи мизоҷон ҳаҷми истеҳсолотро, ки солона 30 ҳазор қуттӣ чойро ташкил медиҳад, зиёд намояд.
Албатта, таъминот бо барқ пешрафти танҳо як корхона ва ё муассиса нест, тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои дурдасти кӯҳистон барои гузариш ба марҳилаи нави рушд имкони бештар пайдо карданд, ки ин аз ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз мужда мерасонад.
О. ВАФОБЕКЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2017    №: 18    Мутолиа карданд: 20203
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед