logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 баргузор гашт.

Дар оғози ҷаласа ҳисоботи раиси шаҳри Кӯлоб “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ аз рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Кӯлоб изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба бартараф кардани баъзе камбудиҳо, аз ҷумла аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо дар масъалаи истифода ва пардохти ҳаққи неруи барқ, таъмини гармӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии амалҳои ҷиноятӣ дар самти истифодаи замин, дастуру супоришҳо доданд.
Чунин супоришҳо ҳамчунин, ба роҳбарияти шаҳри Душанбе дода шуданд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи раёсати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ дар пойтахтро ба масъалаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ, ба меъёрҳо мутобиқ кардани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ, беҳдошти вазъи санитарӣ, назорату танзими маъракаҳо ва расму оинҳо, баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ, аз байн бурдани мушкилот дар роҳҳои маҳаллаҳои пойтахт, сифати оби ошомиданӣ, беҳтар кардани системаи обу корез ва ғайра ҷалб намуданд.
Дар маҷлис масъалаҳо оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” ва оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018 - 2020 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои истифодаи мақсадноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ ва таъмини нақшаҳои даромаду хароҷот тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.            
Аъзои Ҳукумати кишвар баъди муҳокима лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”- ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол карданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин, хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризми дохилӣ” пешниҳод карда шуданд.
Вобаста ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» таъкид гардид, ки ин тадбир ба хотири содагардонии низоми раводид ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он амалӣ карда мешавад. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дигари минтақа ва доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пешбурди кори консулӣ ва низоми раводид аз ҷумлаи давлатҳои пешсаф буда, бо ин мақсад дар раёсатҳои дахлдори Сарраёсати консулӣ навтарин таҷҳизоти ҷаҳонӣ дастрас карда шудааст.
Дар маҷлис инчунин, лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2023», «Дар бораи Низомномаи комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ», «Дар бораи андоза ва тартиби хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда» баррасӣ гардиданд.
Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Турсунзода ва Нақшаи генералии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузориши раисони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Хуросон шунида шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда ва иҷрои дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба тезонидани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба масъулини вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дастуру ҳидоятҳо доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2017    №: 18    Мутолиа карданд: 9760
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед