қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 23 январи соли 2017, № 17, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» озод намудани Муинова М. С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Муинова Матлуба Сайфиддиновна бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2017 №: 19 Мутолиа карданд: 4008