logo

энергетика

ОН РӮЗ ДУР НЕСТ... БАРДОШТ АЗ МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ КИШВАР

13 январи соли равон, ки рӯҳияи идона диёри биҳиштосои моро ҳанӯз тарк нагуфта буд, Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар расид. Эҳсос намудам, ки аз ҳафтсола то ҳафтодсола бениҳоят шод гардиданд. Гӯё он лаҳзаҳо ҳар хонадони Тоҷикистон ба тӯйхона табдил ёфт. Дар гузару маҳалла, чойхонаю корхона, дар автобусҳо одамон аз ин муждаи фараҳбахш суҳбат мекарданд, шукри Пешвои муаззам менамуданд.
Ҳақиқатан ҳам, бо сиёсати хирадмандона ва мардумпарваронаи Сарвари давлат мушкилоти энергетикӣ то ҷое ҳалли худро ёфт. Он рӯз дур нест, ки ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасем.
Дар Муроҷиатномаи худ Пешвои миллат боз таъкид намуданд, ки ҳар яки мо бояд фарҳанги истифодаи барқро бидонем. Ба утоқҳои корие даромада, кас ангушти ҳайрат мегазад. Дар он ҷо ҳамагӣ ду нафар кор мекунаду ду асбоби гармидиҳӣ дар истифода аст. Баъзан мебинӣ, ки печҳои худсохт истифода мешаванду онҳо хавфу хатар ба вуҷуд меоваранд, аммо соҳибонашон бепарво ҳастанд. Ё худ хомӯш кардани чароғҳои утоқҳоро фаромӯш мекунанд.
Боз дар Муроҷиатнома доир ба сари вақт пардохт намудани маблағи қувваи барқ таъкид шуд. Кас дар тааҷҷуб мемонад. Ҳарчанд давлату Ҳукумат пайваста дар хусуси таъмини барқ ғамхорӣ менамоянд, вале дар боби пардохти маблағи истифодаи барқ на ҳама кас масъулият ҳис мекунад. Қарз аз истифодаи ин неъмати бебаҳои хоҷагии халқ даҳҳо ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Агар маблағ сари вақт ҷамъ гардад, ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ зудтар рушд меёбанд. Ҳар яки мо инро бояд бо масъулияти том дарк намоем.
Хулоса, Президенти мамлакат барҳақ таъкид намуданд, ки «Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, дар айни замон кафолат медиҳад, ки таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ ва шабакаҳои интиқоли барқ дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, фаъолияти муназзаму боэътимоди онҳо таъмин карда шавад».
Муроҷиатномаи Сарвари давлатро шунидаму модари пирам пеши назарам омад, ки бо эътимоду боварӣ гуфта буд: «Тоҷикистон чароғон мешавад». Имрӯз ғоибона ба модари марҳумам мегӯям, ки дуоят мустаҷоб, Тоҷикистон чароғон шуд.
Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2017    №: 19    Мутолиа карданд: 20493
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед