маориф
Донишкада номи
Саидмӯъмин
Раҳимовро гирифт
Мо, олимон, устодон, кормандону донишҷ-ӯёни Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон муждаи тозаро ҷиҳати номгузорӣ намудани ин муассисаи таълимӣ ба номи яке аз фарзандони барӯманди миллат қаҳрамони ҷаҳон дар ҷодаи гӯштин, устоди зиндаёд Саидмӯъмин Раҳимов шунида шоду мамнун гардидем. Ба ин хотир Шӯрои оҷилии илмии олимон даъват шуд. Ин падидаи сиёсию фарҳангию варзиширо, ки бо иқдоми наҷибу бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон рӯйи кор омадааст, онҳо хуш пазируфтанд ва арзу сипоси бепоён намуданд. Олимон ва устодон зикр карданд, ки қадрдонии заҳматҳову талошҳои ин ҷаҳонпаҳлавон, ки воқеан дар гӯштини кишвар нотакрор мебошад, ба рушди соҳа, тарбияи дурусти варзишгарони миллат мусоидат менамояд. Аз ин хабари хуш на танҳо мо, балки ҳама варзишгарони мамлакат хушнуд шуданд.
Саидмӯъмин Раҳимов, воқеан ба чунин арҷгузорӣ сазовор аст. ӯ аксари умри пурбаракаташро барои рушди соҳаи варзиши мамлакат, хоса гӯштин бахшид ва шогирдони зиёдеро ба камол расонд. Донишу таҷриба, заковати азалиашро дар ин роҳ дареғ надошт ва бо ҳиссу ифтихори бузурги ватандорӣ пайваста содиқона хидмат намуд.
Ҳанӯз аз хотир нарафта ва таърих худ гувоҳ аст, ки моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Минск –пойтахти ҷумҳурии Белорус беҳтарин гӯштингирони дунё, ахтарони рахшону маъруфи самбо барои ширкат дар озмун ҷамъ омада буданд. Аз номи давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми 250- миллионаи он дар вазни 100 килограмм намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари мактаби гӯштини кишвар, тоҷикписар Саидмӯъмин Раҳимов дар ин озмун ширкат варзид ва ба гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон мушарраф гардид. Паҳлавони номвари тоҷик аз оғоз то ба охири озмуни байналмилалӣ истодагарӣ карда тавонист. Паҳлавонони номии кишварҳои ҷаҳонро мағлуб намуд ва бори нахуст дар таърихи варзиши кишвар ҷойизаи тиллоӣ, ҷойизаи олии озмунро ба даст овард. Ҳамин тавр, ин дастоварди ӯ на танҳо дастоварди миллат буд, балки дастоварди тамоми халқҳои кишвари соҳибқудрат ба шумор мерафт.
Ин пирӯзии паҳлавони тоҷик то дер дар матбуоти Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар кишварҳои дунё тарғибу ташвиқ шуд.
Саидмӯъмин Раҳимов чемпиони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (1973, 1975), чемпиони Спартакиадаи VI халқҳои ИҶШС (1975), Устоди спорти класси байналмилалӣ (1973), Устоди спорти Тоҷикистон (1971), узви командаи яккачини самбочиёни ИҶШС (1973) буд. Чемпиони чандкарати ҷумҳурӣ оид ба гӯштини миллӣ, тарзи озод, дзю-до ва классикӣ гардидааст.
Соли 1967 ҳангоми хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС аз рӯи варзиши сабук рекордсмени дивизия шуд.
Соли 1974 оид ба дзю-до меъёри устоди спорти ИҶШС-ро иҷро кард. Соли 1977 дар Бозиҳои спортии деҳоти ИҶШС дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова бори сеюм ҷойи якумро мушарраф гардид. Чандин сол ба ҳайси раиси Кумитаи варзиши ҷумҳурӣ фаъолият намуд.
Мо, кормандони донишкада, аз он ифтихор дорем, ки Саидмӯъмин Раҳимов дастпарвару хатмкардаи ин муассисаи таълимӣ мебошад. Барои боло рафтани сатҳи донишкада ва донишандӯзиву маҳорати варзишии донишҷӯён пайваста дастуру маслиҳатҳои судбахш медод. Инчунин бо иштироку сӯҳбатҳои самимиву гармаш шӯълаҳои умедро барои ноил шудан ба дастовардҳои бузурги ҷаҳон дар дилҳои мо фурӯзон медошт. Албатта, ин ҳама ба пешрафти фаъолияти мо ва муваффақиятҳои шогирдони муассиса таъсири неки худро гузошт.
Ба номи ҷаҳонпаҳлавон, устоди зиндаёд Саидмӯъмин Раҳимов номгузорӣ шудани донишкада моро вазифадор месозад, ки сатҳи таълимро боз беҳтар намоем, то шогирдон дар арсаи олам ба пирӯзиҳои бузург ноил гарданд.
Шодӣ САФАРОВ,
ректори Донишкадаи давлатии тарбияи
ҷисмонии ба номи Саидмӯъмин Раҳимов
Шанбе, 1 августи соли 2009. № 96 (21 603). Соли 85-уми нашр.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5942