мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИГОР ШУВАЛОВ
27 январ, нимаи дуюми рӯз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти суҳбат натиҷаҳои кори комиссия ва масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти натиҷаҳои кори комиссияи муштаракро барои пешбурди минбаъдаи ҳамдастии ду кишвар дар тамоми маҷмӯи ҳамкориҳо таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки соли равон Тоҷикистон ва Русия 25 - солагии роҳандозии робитаҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд ва тайи ин давра масоили вобаста ба таҳкиму ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарики калидии стратегӣ - Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса доштанд ва хоҳанд дошт.
Сарвари давлати мо дар ишора ба зумрае аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия аҳамияти идомаи ҳамкории ҷонибҳоро ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҷанбаи тиҷоративу иқтисодии онҳо бо назардошти ниёзмандиҳои воқеӣ ва имкониятҳои мавҷуда таъкид намуданд.
Ба ҳайси самтҳои ояндадор соҳаҳои энергетика, коркарди маъданҳо, комплекси агросаноатӣ ва дигар соҳаҳои бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ном бурда шуданд.
Ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла дар ояндаи наздик омода сохтану ба имзо расондани бастаи нави созишномаҳо, ки ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Президенти Тоҷикистон, инчунин ба зарурати роҳҳои қобили қабули тарафайни ҳалли масъалаҳое, ки дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ба вуҷуд омада, барои шаҳрвандон мушкилот эҷод мекунанд ва боиси доғдор шудани шарокати стратегии ҳар ду давлат мегарданд, ишора намуданд.
Дар партави таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавиву фарҳангии мардумони ҳар ду кишвар Президенти Тоҷикистон аҳамияти робитаҳои фарҳангиву гуманитариро махсусан қайд намуданд.
Дар ин замина ва бо дарназардошти ҳавасмандии зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати ба даст овардани маълумоти оливу миёна ба забони русӣ, аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати зиёд кардани квотаҳои таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия аз рӯи касбу ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи рӯзи кишвари мо ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Дар баробари ин, таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо кадрҳои педагогии рус, китобу воситаҳои таълимӣ, инчунин дар кишвар тавсеа бахшидан ба шабакаҳои макотиби таҳсилоти миёна ба забони русӣ низ ҳамчун масъалаҳои мубрами рӯз қайд гардиданд.
Ба ин манзур Президенти Тоҷикистон ҷиҳати аз ҷониби Русия расондани ёриву мусоидати амалӣ дар ҳалли масъалаҳои мазкур изҳори умед намуданд.
Дар фароварди суҳбат, ки дар рӯҳияи созандагиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, тарафҳо изҳори бовар карданд, ки натиҷаҳои кори Комиссияи муштарак ба сифатнокии маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия таъсири мусбат хоҳанд расонд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2017 №: 22-23 Мутолиа карданд: 3993