фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси суди ноҳияи Нуробод озод намудани Мирзозода Ғ. А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирзозода Ғайбулло Азизулло бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Нуробод озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 январи соли 2017, № 827
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2017 №: 24 Мутолиа карданд: 4237