logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

30 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муосири муносиботи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия – 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ, сарфарозам ба Шумо табрикоти самимии хешро ирсол намоям.
Тайи ин давра бар асари талошҳои муштарак ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бемайлон густариш ёфта, зинаҳои нави болотарро касб карданд.
Дар ин раванд усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила хоси робитаҳои созандаи Тоҷикистону Туркия буданд.
Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати дӯстона бо Туркия мебошад ва ин мавқеъ созгори усули умдаи сиёсати хориҷии мост.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҷаноби Президент тансиҳативу пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Туркия суботу амонӣ ва рӯзгори обод орзумандам».

30 январ Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Президент!
Ба муносибати 25 - умин солгарди роҳандозии робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозам ба Шумо табрикоти худро изҳор намоям.
Итминони комил дорам, ки муносибатҳои ҳар ду кишвар, ки бо равобити фарҳангиву таърихӣ ва дар асоси эҳтироми тарафайн, баробариву манфиати муштарак бунёд ёфтаанд, дар оянда низ рушд хоҳанд кард.
Дар ин масир бори дигар таъкиди иродаи онро дорам, ки дар якҷоягӣ бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ояндаи дурахшонро бунёд хоҳем кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Ҷаноби Олӣ саломативу хушбахтӣ орзу намуда, таманниёти беҳтаринамро ба мардуми Тоҷикистон мерасонам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2017    №: 24    Мутолиа карданд: 4164
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед