сафарҳо
Аз байн бурдани таҳдиди
иттилоотӣ - талаби замон
Рӯзҳои 31 июл ва 1 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон – Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар мулоқот сарони ҳамаи 7 давлати аъзои ин созмон –Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон иштирок доштанд.
Вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узв ба баррасии як теъдод масоили мубрами рӯзномаи кории Созмон бахшида шуд, ки дар байни онҳо аз умдатарин масъалаҳо мавзӯи таъмини амнияти иттилоотии кишварҳои аъзо буд.
Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавии ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи муосир тарзи ҳаёти ҷадиде зуҳур менамояд, ки бар иттилоот асос ёфтааст. Қисмати зиёди сохторҳои танзимкунандаи ҷомеа, аз ҷумла сохторҳои давлатӣ, бо хатару таҳдидҳои нав мувоҷеҳ мешаванд, ки ҷанги иттилоотӣ, пайдо шудани шабакаҳои террористии иттилоотӣ, бозӣ бо афкори умум аз қабили онҳоянд.
Табиист, ки ҳар як кишвари узви Созмон наметавонад бо нерӯи худӣ ба тамоми ин хатару таҳдидҳои нави иттилоотӣ ҷавоб гӯяд. Аз ин ҷост, ки масъалаи ташкилу танзими имконоти муштараки иттилоотӣ ҷиҳати аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои иттилоотии мавҷуда ва оянда, тақвияти фазои ягонаи иттилоотӣ, ҳамоҳангсозии фаъолонаи сиёсати иттилоотӣ масъалаҳои муҳимтарини рӯз мегарданд.
Аз ин лиҳоз танзими механизми муассири амалиёти муштарак, истифодаи таҷрибаи дар бахшҳои дигари ҳамкории байналмилалӣ андӯхташуда бо дарназардошти рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ аз масоили муҳимтарини ҷадвали кории Созмон дониста шуданд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии мавзӯъҳои зикршуда таъкид намуд, ки андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои иттилоотӣ талаби замон буда, қабл аз ҳама даст кашидан аз амалияи истифодаи ғаразноки имкониятҳои иттиллоотии як кишвари узви Созмон таҳдиди воқеияти сиёсиву иҷтимоии кишвари дигари узвро тақозо менамояд.
Қарор карда шуд, ки таҳти васояти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав як Маркази технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шавад.
Ҳангоми ҷаласаи мазкур сарони кишварҳо масъалаҳои дигари муҳими минтақавию байналмилалиро низ баррасӣ намуданд.
Дар ҳошияи мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Эмомалӣ Раҳмон як теъдод вохӯриву мулоқотҳо бо роҳбарони мамлакатҳои дигари аъзои Созмон анҷом дод.
Баъди итмоми ҷаласа Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 август ба Ватан баргашт.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Сешанбе, 4 августи соли 2009. № 97 (21 604). Соли 85-уми нашр.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2183