logo

ҳуқуқ

ВАНҶ. ШАРҲИ ПАЁМ ВА ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ СОКИНОН АЗ НИШОНДОДҲОИ ОН

Маълум аст, ки ҳар як ҷомеа бо такя ба неруи ақлонии худ ва инкишофи тафаккури миллии шаҳрвандонаш рушд мекунад, ки ин нукта дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид гардид.

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи ин ва дигар нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ силсилаи чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, чанде пеш бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар деҳоти Рованд, Техарв, Ҷовидон, Вотхуд, Язгулом ва ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев вохӯриҳои судманд баргузор гардиданд. Прокурори ноҳия Муртазо Раҳмонзода  зимни вохӯрӣ бо сокинони деҳоти  водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом зикр кард, ки донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну   маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  барои  тамоми қишри ҷомеа хеле муҳим ва зарур аст. Зикр гашт, ки дар натиҷаи саъю талоши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баргузорсозии семинару тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли ҷомеа бисёр ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Ватан баргаштанд. Вале, мутаассифона, ҳоло ҳам аз ноҳияи Ванҷ  чанд нафар толибилм дар кишварҳои хориҷӣ таълимоти динии ғайриқонунӣ мегиранд.
Дар доираи мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ, суд, милитсия  бо сокинони деҳоти  баландкӯҳ, ҳамчунин иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки аз паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, таъкид гардид.  Масоили вобаста  ба коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии  коррупсия, азхудкунии  маблағҳо, дуздӣ ва талаву тороҷ кардани моликияти давлатӣ, фурӯши замин, аз таҳсил дур мондани наврасон ва дигар ҳодисаҳои номатлуб дар меҳвари таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифтанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2017    №: 26    Мутолиа карданд: 3016
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед