logo

порлумон

ДАФТАРИ НАМОЯНДАГӢ. ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА ТАҲКИМ МЕЁБАНД

Таъсиси дафтари намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро таҳким бахшида, ба ҷалби бештари сармоягузории институтҳои молиявӣ мусоидат хоҳад кард. Ин тасмим, ҳамчунин робитаи ниҳодҳои марбутаи давлатиро бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ,  шуъбаҳои минтақавии он, бахусус дар Аврупову Осиёи Марказӣ такони нав мебахшад.
Ин нуктаро Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни муаррифии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси намояндагии ин сохтор дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт.
Зикр шуд, ки созишномаи мавриди назар 6 майи соли 2016 дар конфронси 39 – уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ба имзо расид. Ташкилоти мазкур аз соли 1996 дар Тоҷикистон фаъолият намуда, дар ин муддат 89 лоиҳаи инвеститсиониро ба маблағи 37 миллион доллар дар бахшҳои илмиву таълимӣ, истеҳсолоти кишоварзӣ, мелиоратсияи замин ва об, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бозомӯзии мутахассисон амалӣ намудааст. Он аз рӯи ҳафт лоиҳа, аз ҷумла оид ба дастрасӣ ба тухмиҳои баландсифат, идораи обёрӣ бо назардошти хизматрасонӣ, мубориза бар зидди малах, механиконии кишоварзӣ ва тақвияти иқтидори Вазорати кишоварзӣ фаъолият дорад.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 феврал, дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми МН МО даъвати панҷум ин созишномаро баррасӣ ва тасвиб намуданд.
Дар ҳамин ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», низ аз сӯи вакилон баррасӣ ва нисбат ба қабули он қарори дахлдор қабул гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»-ро бо назардошти таҷрибаи давлатҳои аъзои ИДМ таҳия намудааст. Вобаста ба ин дар лоиҳаи қонун меъёри ниҳоии ҳиссаи субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол аз 25 то 15 дарсад тағйир дода шудааст. Ин аст, ки ба бовари коршиносон қабули лоиҳаи қонун ба тақвияти фаъолияти мақомоти зиддиинҳисорӣ ва танзими бозорҳои мол нақши муассир хоҳад гузошт.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2017    №: 27    Мутолиа карданд: 5211
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед