ҳуқуқ
2016 СОЛИ МУБОРИЗАИ БЕАМОН АЛАЙҲИ ЗУҲУРОТИ КОРРУПСИОНӢ БУД
Кадом ниҳод бештар ҷинояти коррупсионӣ содир кард?
Дар вазоратҳои маориф ва илм 90, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 103, нақлиёт 24, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ 31, ҷамъиятҳои саҳомӣ 266, соҳибкорони инфиродӣ 302, соҳаи бонкӣ 328 ва дигар идораву корхонаҳо 320 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 171 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ содир намудаанд. Мутаассифона, баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия мебошанд, ба содир намудани 145 ҷинояти коррупсионӣ даст задаанд. Аз ҷумла ба вазоратҳои корҳои дохилӣ 57, адлия 20, мудофиа 12, Кумитаи андоз 15, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 15, Гвардияи миллӣ 6, ҳокимияти судӣ 11, мақомоти прокуратура 2, Агентии назорати маводи нашъаовар 3 ва ба Хадамоти гумрук 4 ҷиноят рост меояд.
Беш аз 105 килограмм маводи мухаддир мусодира гашт
Кормандони агентӣ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 464, аз 12 апрели соли 1996 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» як қатор чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ гузаронда, 10 ҷиноятро нисбат ба 19 нафар ошкор сохтанд. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 105 килограмму 716 грамм, аз ҷумла 19 килограмму 898 грамм героин, 83 килограмму 96 грамм ҳашиш, 2 килограмму 722 грамм афюн ва 8656 дона ҳабро ба миқдори 1 килограмму 908 грамм дарёфт ва мусодира гашт. Вобаста ба ин ҳолатҳо нисбат ба шахсони гунаҳгор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиши пешакӣ ба итмом расонда шуд. Парвандаҳо бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол гардида, бо ҳукмҳои судӣ гунаҳгорон муҷозот шуданд.
Бист адад силоҳи оташфишон дарёфт шуд
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 2, аз 2 декабри соли 1994 “Оиди гирифтани яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз аҳолӣ”, кормандони агентӣ зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ ду ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишонро ошкор карда, аз махфигоҳҳо 20 адад яроқи оташфишони гуногунтамға дарёфт ва мусодира карданд. Вобаста ба ин ҳолатҳо низ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Пешгирии экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб
Солҳои охир як қатор зуҳуроти номатлуб, аз қабили экстремизм, терроризм, радикализм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Боиси нигаронист, ки ба сафи ин гурӯҳҳо бештар ҷавонон шомил мешаванд. Бо мақсади пешгирии ин зуҳурот ҳамаи воҳидҳои фаврии дастгоҳи фаврӣ - агентурӣ ва дигар сарчашмаҳои ахборотдиҳӣ вазифадор гардиданд, ки аъзои ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, равияҳои экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои иртиҷоиро муайян намуда, чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ 38 ахбори вобаста ба шомил шудани шаҳрвандон ба ин гурӯҳҳо ба даст омада, маводи зарурӣ барои санҷиш ва чораҷӯӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд. Инчунин, дар давраи сипарӣ бо гузарондани як қатор чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ 12 ҳолати иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо ошкор гардида, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва барои пешбурди тафтишоти пешакӣ ба Прокуратураи генералӣ фиристода шуданд.
Ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ
Дар соли сипарӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ аз тарафи воҳидҳои агентӣ 1046 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор гашта, нисбат ба шахсоне, ки талаботи қонунро вайрон намудаанд, ба маблағи 847 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид, ки аз он 775 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.
Дар ин давра ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои дахлдор 3121 дастури хаттӣ ва 967 пешниҳод оид ба бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ирсол гардидааст. Дар натиҷаи баррасии ин дастуру пешниҳодҳо нисбат ба 408 нафар огоҳӣ, 392 нафар сарзаниш, 325 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 177 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод шуданд.
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2016 Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тазаккур дод, ки ин ниҳод минбаъд низ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, бо мақсади пешгирии коррупсия ва омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.02.2017 №: 27 Мутолиа карданд: 3315