logo

ҳуқуқ

ҚАЛЛОБӢ. БОЗДОШТИ КОРМАНДИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБӢ БО ҶУРМИ ПОРАГИРӢ

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» ва Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсия кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вазорату кумитаҳо, корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ мунтазам вохӯриву мулоқотҳои судманд доир менамоянд.
Мақсад аз гузарондани чунин вохӯриҳо пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарорҳои дорои хусусияти коррупсионидошта ва иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ба шумор меравад.
Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои муассир, ҳанӯз ҳам дар ҷомеа шахсоне пайдо мешаванд, ки дидаву дониста даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мезананд. Чунонки сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, як нафар корманди комиссариати ҳарбӣ бо ҷурми порагирӣ ба даст афтодааст. Гуфта мешавад, Илҳомҷон Боев, ки аз 17 июни соли 2016 дар вазифаи мутахассиси пешбари зершуъбаи сафарбарии мулкӣ дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан кор мекард, ҷинояти қаллобӣ содир намуд. Номбурда дар давраи фаъолияташ аз шаҳрванд И. Маҳкамов барои ба воситаи комиссияи давлатии тиббии Комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан гирифта додани шаҳодатномаи муваққатан ғайри қобили хизмати ҳарбӣ будан, 1000 доллари амрикоӣ талаб кардааст.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ Илҳомҷон Боев дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, баъди гирифтани 1000 доллар аз шаҳрванд И. Маҳкамов дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, далелҳои шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шуданд.
Дар робита ба ин амал, нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 3, банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз тафтиши пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ  барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2017    №: 29    Мутолиа карданд: 3045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед