ҳуқуқ
БОЯД САҲМИ АРЗАНДА БИГИРЕМ
Боиси ифтихори ҳар шаҳрванд аст, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ маҳсуб мешавад ва дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро равшан мебинем. Ин ҳама, албатта, моро вазифадор месозад, ки бо шукри неъмати истиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёт ва ободии кишварамон бештар аз пештар саҳм бигирем.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ, ҳамчунин дастур доданд, ки маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд бибардорем. Ба кадом роҳ ё худ усул? Ба ин пурсиш дар Паём посухи дурусту мувофиқ мавҷуд аст: корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш бидиҳем. Ба ин хотир, ки роҳу усули мазкур осонтар бигардаду самараи дилхоҳ бидиҳад, тибқи супориши Сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба роҳ монда мешавад. Ин ҳама ба чӣ хотир аст? Омӯзишу донистани махсусан Конститутсия ва қонунҳои зикргардида ба пешгирии бисёр ҷиноятҳо, хоса ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта мусоидат мекунанд. Ин, албатта, боз дар суратест, ки ҷаҳони муосирро ба хатари глобалӣ табдил ёфтани терроризм ва экстремизм ба ташвиш овардааст.
Бисёр ба маврид буд, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар Паём соли равон Соли ҷавонон эълон гардид. Ҳамзамон, ба дастовардҳои беназири ин насл дар замони соҳибистиқлолӣ таъкид шуд. Инчунин, бо дастуру раҳнамоӣ таъкид намуданд, ки ҷавонон «Дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Ба яқин, мо – кормандони соҳа низ масъулем, ки бо дониши хуби назариявӣ, таҷрибаи кофии касбӣ «аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб» барои расидан ба ин ҳадафҳои бузурги насли ояндасози миллат бояд мусоидат бикунему ёрӣ бирасонем.
Абдуллозода Ҷамолиддин АБДУЛЛО,
муовини раиси суди шаҳри Ҳисор,
Вализода Таҳминаи Самиъҷон, судяи суди Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2017 №: 29 Мутолиа карданд: 2955