порлумон
ҚОНУНИ НАВ ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТРО ТАЪМИН ХОҲАД КАРД
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи охири худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» - ро баррасӣ ва қабул намуданд, ки аввалин қонуни мукаммал дар соҳаи саноат мебошад.
- Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», пеш аз ҳама, аз лиҳози ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ташаккул ва амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, рушди босуботи инноватсионии он, афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ мебошад, - иброз дошт Дилрабо Мансурӣ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия. Бино ба гуфтаи ӯ, ҷавҳари қонун муқаррар намудани шаклҳои дастгирии молиявии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ба ҳисоб меравад, ки он аз маблағгузорӣ дар шакли грантҳо, ёрии молиявӣ барои таъсис, рушди истеҳсолоти саноатӣ ва инфрасохтори он, ҷорӣ намудану азхудкунии техникаҳои инноватсионӣ, пешниҳоди қарзҳо, мусоидат барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иборат мебошад.
Зимни шарҳи лоиҳаи қонун иттилоъ дода шуд, ки дар моддаҳои 13 - 16 механизмҳои алоҳидаи дастгирии фаъолият дар соҳаи саноат пешбинӣ гардидааст. Чунончи, тибқи талаботи моддаи 15 - и қонун ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ афзалият ба маҳсулоти ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиён дода мешавад, ки ин иқдоми саривақтист. Дар моддаи 16 мусоидат ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ҳамкории бевоситаи муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла гузарондани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Навоварии дигари лоиҳаи қонун ин таъсиси мақоми маслиҳатию машваратӣ, яъне Шӯрои миллӣ оид ба рушди саноат дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, минбаъд ташкили Фонди рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъсис ва низомномааш тасдиқ карда мешавад.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, зимни таҳлили фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз теъдоди ками корхонаҳои саноатии хурду миёна нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки маҳсулоти ватанӣ рақобатпазир нест, то онро ба хориҷи мамлакат содир намоянд. Корхонаҳоро дар он минтақаҳое сохтан лозим аст, ки дар он ҷо ашёи хом мавҷуд бошад. Вазорат бояд ба соҳибкорон мусоидат намуда, воридоти технологияҳои навро таҳти назорат гирад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2017 №: 29 Мутолиа карданд: 5325