мулоқотҳо
ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "ТОҶИКИСТОН БА ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲОИ ХУД БО ДАВЛАТИ ҚАТАР НАЗАРИ НЕК ДОРАД"
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар
6 феврали соли 2017 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар муқаррароти истиқболи расмӣ дар назди Қасри Амирӣ самимона ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.
Ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар парчамҳои давлатӣ афрохта шуда, сурудҳои миллии ду давлат садо доданд ва фармондеҳи горди фахрии Давлати Қатар ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии ҳайати низомӣ барои истиқболи расмӣ гузориш дод.
Зимни гузаштан аз назди горди фахрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба парчами ин давлат эҳтиром ба ҷо оварданд.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар дохили Қасри Амирӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо ҳайатҳои расмии ҳукуматҳои ҳар ду кишвар шинос шуданд.
Баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар ва ҳукумати ин кишвар барои пазироӣ ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муносиботи гуногунҷанба бо Давлати Қатар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии мо қарор дорад ва барои рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва амният санадҳои нав омода шудаанд.
Таъкид гардид, ки барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика ва об, нақлиёт, ҳамчунин таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва саноати истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон шароиту имкониятҳои зиёди мусоид мавҷуданд ва татбиқи лоиҳаҳои он барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.
Ҷонибҳо бо он ҳамфикр буданд, ки барои истифодаи имконоту зарфиятҳои мавҷуда ва густариши равобити иқтисодӣ ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ метавонад саҳми муносиб гузорад.
Ба рушди бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус робитаи доимии доираи соҳибкорону тоҷирон ҳавасмандии зиёд зоҳир гардида, барои роҳандозии ҳамкориҳои манфиатбахш соҳаҳои гидроэнергетика ва об, нақлиёт, кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, саноати сабук, коркарди сангу металлҳои қиматбаҳо, металлҳои рангаву сиёҳ, иштирок дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмиву тадқиқотии байни олимону табодули донишҷӯёну омӯзгорон пешниҳод карда шуд.
Таъкид гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад ва соҳибкорони қатарӣ метавонанд бо бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои мазкур фаъолияти судмандро ба роҳ монанд.
Кишвари мо дорои захираҳои ғании табиӣ, аз қабили об ва сангҳову металлҳои қиматбаҳо, металлҳои рангаву сиёҳ ва дигар маъданҳои кӯҳӣ мебошад. Имкониятҳои фаровони кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши меваю сабзавоти хушсифат ва пахта низ омили дигари ба роҳ мондани ҳамкории ду кишвар гарданд.
Барои беҳтару хубтар гардидани ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ҳамчун қадами нахуст таъсиси Ширкати консталтингӣ, бонки инвеститсионию тиҷоратии Қатар дар Тоҷикистон ва таъсиси Бунёди молиявии Қатар амали муҳим арзёбӣ шуд.
Дар ин замина таъкид гардид, ки ҷониби Қатар метавонад ба рушду густариши бештари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистон тавассути дастгирии молиявии татбиқи лоиҳаҳои хурду миёна, маблағгузории лоиҳаҳои энергетикиву обии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ, аз қабили сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, неругоҳҳои барқи обии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, ба роҳ мондани парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва содироти он ба Давлати Қатар, ҳамчунин фароҳамсозии шароити мусоид барои содироти оби хушсифати нӯшокии кишвари мо ба давлати худ фаъолона иштирок намояд.
Ҳар ду ҷониб рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоиро аз имконоти дигари густариши муносибатҳо маънидод карданд. Пешниҳод гардид, ки як гурӯҳи муштарак барои таҳияи стратегияи ҳамкорӣ дар бахши саёҳат таъсис дода шавад. Ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар бошад, иқдоми муассире дар самти тавсеаи имкониятҳои рафтуомади саёҳон хоҳад шуд.
Ҳамкории илмиву тадқиқотии байни олимони ду кишвар, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва барномаҳои фарҳангӣ низ аз самтҳои муҳими робитаҳои дуҷониба маънидод гардид.
Дар мулоқот, инчунин масъалаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи таъмини амният, дастёбӣ ба созишу ризоият ва таъмини сулҳу субот дар кишварҳои мусулмонӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсии Афғонистони ҳамсоякишвари мо, дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ, баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар роҳи тарғиби амалҳои башардӯстӣ, арзишҳои неки исломӣ кишварҳои мусулмониро лозим аст, ки бар асоси асли «муъмин бародари муъмин» бо истифода аз имконоти худ ҷиҳати рафъи чолишҳои дигари замони муосир саъю талоши бештар намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният;
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи фарҳанг;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Қатар;
Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ;
Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ.
Бо ҳамин мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар бо натиҷаҳои муҳиму назаррас ба хотири рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ба анҷом расиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2017 №: 29 Мутолиа карданд: 3746