logo

ҳуқуқ

ДАР МАСИРИ ШАРАФУ НОМУС

Эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат садо дод, барои ҷавонони саодатманди кишвар боз як марҳалаи камолот ва дастёбӣ ба ҳадафҳои бунёдӣ ба шумор меравад. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳар як ҷавони огоҳ метавонад бо амалӣ намудани нуктаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон ва дар партави ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат ба қаламрави саодат бирасад.
Дар Паём таъкид гардид: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Агар ин таъкиди Сарвари давлат аз як сӯ барои мо ҷавонон боиси ифтихор бошад, аз сӯи дигар масъулиятест, ки бояд онро бо меҳнати арзандаву иқдомҳои созанда дар саҳифаи рӯзгори хеш сабт намоем. Дар идома Пешвои миллат изҳор доштанд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҷавҳари сиёсати давлатии ҷавононро дар Тоҷикистон пуштибонии иқдому ташаббусҳои созандаи ин неруи пешбарандаи ҷомеа ташкил медиҳад. Бинобар ин, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Воқеан, Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 нишонаи олии муҳаббату самимият ва эҳтирому боварии Пешвои миллат ба ҷавонон аст.
Маҳз дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат аст, ки ҳузури фаъоли ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бармалост. Аз ҷумла, имрӯз дар мақомоти судии кишвар ҷавонони лаёқатманду ҳуқуқшиносони касбӣ фаъолият мекунанд, ки дар пешрафти соҳа нақши намоён доранд. Танҳо дар суди шаҳри Душанбе беш аз 30 нафар ҷавон соҳиби кор аст, ки аз онҳо 4 нафар дар мақоми судя мебошанд. То кунун дар кори судяҳои ҷавон иштибоҳи ҷиддие ба амал наомада, онҳо дар баррасии парвандаҳои судӣ пойбандии худро ба қонунгузорӣ нишон дода, таъмини адолати судиро дар меҳвари фаъолият қарор додаанд. Бояд чунин ҳам бошад, зеро Пешвои миллат ба қудрату дониш ва зарфияту тавонмандии ҷавонон дар рушду ободии Ватан боварии комил доранд ва ба он такя менамоянд. Сарвари давлат хостори онанд, ки ҷавонон бо қадамҳои устувори хеш дар масири шарафу номус саҳми арзандаи худро дар ободии Ватани маҳбуб мегузоранд.
Асомуддин БОБОХОНЗОДА,
муовини раиси суди шаҳри Душанбе,
Олуфтабону АСКАРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2017    №: 30    Мутолиа карданд: 2924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед