logo

ҳуқуқ

БАДАХШОН. АЗ ҚАРОРҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ТО ТАСАРРУФИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ

Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷараёни татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”- ро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин маҷлисҳои вакилони халқ мавриди санҷиш қарор дода, як қатор камбудиҳоро ошкор намудааст.

Тибқи иттилои Дороб Асозода, прокурори вилоят, дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки аксари вакилони маҷлисҳои вакилони халқ бо интихобкунандагон робитаи мустақим надошта, аз ҷониби мардум ба онҳо ягон муроҷиат ворид нашудааст. Фаъолияти комиссияҳои доимии маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ҷавобгӯи талаботи Низомнома набуда, баъзеҳо ҳатто нақшаи корӣ надоранд. Чунин ҳолат бештар дар кори комиссияҳои доимии маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Рӯшону Дарвоз ба мушоҳида расид.
Прокурори вилоят дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар фаъолияти баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо низ ҳолатҳои аз ваколати худ баромадану қарорҳои ғайриқонунӣ қабул намудан ҷой дорад. Масалан, танҳо дар давоми соли 2015 аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо 35 қарори ғайриқонунӣ ба тавсиб расид, ки 12 адади он ба шаҳри Хоруғ рост меояд. Мутаассифона, ин ҳолат рӯ ба афзоиш оварда, дар соли сипарӣ шумораи онҳо аз 40 адад гузаштааст. Дар асоси эътирози прокуророни вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аксари ин қарорҳо бекор шуда, 10 эътирози прокурорӣ мавриди баррасии судӣ  қарор дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ба масъалаи замин, мисли ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ марбутанд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин", Низомномаи комиссияҳои ҷамъиятӣ доир ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзил на ҳама вақт риоя мегардад. Комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолияти нокифоя дошта, аксаран дар тақсими қитъаи замин раисони ноҳияҳо ва заминсозон ваколати комиссияҳоро пурра ба дасти худ гирифтаанд. Дар парвандаҳои шаҳрвандон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин мавод вуҷуд надошта, дар ин самт ниёзмандии онҳо кам ба инобат гирифта шудааст. Шахсони мансабдор, дар мавридҳои алоҳида, аз ваколатҳои мансабии худ берун баромадаанд. Масалан, раиси ноҳияи Мурғоб соли 2015 аз ҳисоби заминҳои мутааллиқ ба Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба филиали Ширкати чиноии дорои масъулияти маҳдуди “C. A. Minerals ” барои сохтмони фабрикаи маъдантозакунӣ нуҳ гектар замини ғайрикишоварзӣ ҷудо намудааст. Ҳол он ки тибқи муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои таҳти  муҳофизати махсус ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ додани қитъаи замин манъ аст. Дар ҳамин асос прокуратура нисбат ба ин қарори раиси ноҳия эътироз баён карда, онро бекор кардааст. Мисли ҳамин,  соли 2016 бо қарори раиси шаҳри Хоруғ ба шаҳрванд Д. Ашрафбеков барои сохтмони манзили зист аз ҳисоби заминҳои ғайрикорам ба андозаи 40 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо гардидааст. Вале, тавре санҷиш нишон дод, ин қитъаи замин ба ҳудуди марзиву маъмурии ноҳияи Шуғнон тааллуқ дошта, ба шаҳри Хоруғ ягон иртибот надорад.
Санҷишҳо нишон доданд, ки баъзан раисони ноҳияҳо аз доираи ваколатҳои худ берун баромада, қарорҳои ғайриқонунӣ ба тавсиб расондаанд. Чунончи, раиси ноҳияи Роштқалъа бо қарорҳои худ бо сабаби аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии “Азизхон”, “Маърифат” ва “Ватан” дар давоми ду сол аз истифода берун мондани қитъаҳои замин онҳоро ба фонди захиравии ноҳия дохил намудааст. Ҳол он ки тибқи муқаррароти  Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ваколати  мақомоти судӣ мебошад. Аз ин рӯ, бо эътирози прокурорӣ ин қарорҳо бекор шуданд.
Бино ба иттилои прокурори вилоят, санҷиш, ҳамчунин нишон дод, ки дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо ҳодисаҳои тасарруф ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ҳанӯз ҷой доранд. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба маблағи беш аз 37 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Ин рақам дар ноҳияи Мурғоб аз 720 ҳазор зиёд аст. Ҳамзамон,  санҷиш 13 ҳолати азхудкунии маблағҳои буҷетиро ба маблағи 139 ҳазору 295 сомонӣ аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ошкор намуд. Аз ҷумла сардори шуъбаи молияи ноҳияи Рӯшон дар давоми солҳои дар ин мансаб кор карданаш ( аз 12 марти соли 2009 то сентябри соли 2016) бо истифода аз мансаб 78 ҳазору 977 сомониро бо роҳҳои сохтакорӣ тасарруф намудааст. Чунин ҳолат дар  Раёсати стандартизатсия, метрология ва савдои вилоят низ муайян гардид. Сардори ин раёсат Қ. Қиличбеков бо чунин роҳ 19952 сомониро аз худ намудааст. Дар масъалаи расидагӣ ба арзу шикояти шаҳрвандон ва дигар самтҳои фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ камбудиҳои зиёде ошкор гардиданд, ки нисбат ба ҳамаи қонунвайронкуниҳо чораҳои ҳуқуқӣ андешида шуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2017    №: 30    Мутолиа карданд: 2969
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед