ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Раиси заминфурӯш ба ҷазои қонун гирифтор шуд
Раиси шаҳракаи «Бӯстон-қалъа»-и ноҳияи Бохтар Ҷӯрабек Холов барои гирифтани пора аз шаҳрванд Н. Шамсуллоев дар ҳаҷми 3000 доллар айбдор мешавад.
Ҷӯрабек Холов замони фаъолияташ дар ин мақом маблағи зикршударо аз шаҳрванд Н. Шамсуллоев бо ваъдаи ҷудо намудани қитъаи замин дар масоҳати 0,8 гектар талаб карда гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Нисбат ба ин амали коррупсионӣ бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди тафтиши пешакӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
15 сол паси панҷара
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Суҳробшо Ҳаётовро бо ҷурми харидуфурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо моддаи 200 қисми 4 банди «д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Номбурда бо бародараш Ҳ. Ҳоҷиев аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар 3 маврид 36 830 грамм маводи нашъаовари навъи «ҳашиш» интиқол дода, ба маблағи 17 000 доллари амрикоӣ фурӯхтаанд.
Бар асоси ҳукми суд маҳкумшуда муҳлати адои ҷазоро дар колонияи ислоҳии низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.
Боздошти корманди милитсия ва адвокат
Муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Мустафо Додохонов зимни гирифтани пора ба маблағи 1300 доллари амрикоӣ, боздошт гардид.
Номбурда барои татбиқ намудани санади авф нисбат ба шаҳрванд Р. Маматқулова, ки нисбат ба ӯ дар истеҳсолоташ маводи санҷишӣ қарор дошт, ба сифати пора 1500 доллар талаб намуда, ҳангоми гирифтани 1300 доллар бо миёнаравии адвокати Коллегияи адвокатҳои «Суғд» К.Исроилов боздошт ва далелҳои шаъйӣ ёфта гирифта шуданд.
Дар робита ба амали коррупсионӣ нисбат ба муфаттиш бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ ва нисбат ба адвокат бо моддаи 36 қисми 5, 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва фиристодан ба суд ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол шудааст.
Пайомади суистифода аз мансаб
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33 - солаи сокини шаҳри Ҳисор, сармутахассиси соҳаи заминсозии шаҳр, бо гумони гирифтани пора дастгир шуд.
Гумонбаршуда, ҳамчун шахси мансабдор, аз ваколатҳои мансабиаш истифода намуда, 4 - уми феврали соли ҷорӣ ду қитъаи замини назди ҳавлигиро дар масоҳати умумии 0,12 гектар дар ҳудуди деҳаи Булбулчашмаи деҳоти Ҳисор ба номи зани 31 - солаи сокини деҳоти Алмосӣ ҷудо карда, аз шавҳари ӯ 6 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.
Нисбат ба дастгиршуда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 319 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
P.S. Дар таҳияи матолиб аз маводи сомонаҳои Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия истифода шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.02.2017 №: 31 Мутолиа карданд: 2857