logo

ҳуқуқ

ВКД. БА НЕРУИ ҶАВОНОН ТАКЯ МЕКУНАД

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ  дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди миллӣ  ҳиссаи назаррас мегузоранд. Ҳоло наздик 18 ҳазор нафар ҷавони лаёқатманд бо шумули 269 нафар аз ҳисоби курсантҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар муассисаҳои олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.
Ин матлабро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, дар вохӯрӣ бо доираи васеи ҷавонон баён дошт. Мавсуф дар ҳузури курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, афсарони Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидоти таъйиноти махсуси ВКД, гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ва насли ҷавони милитсия аз дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ  зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ  намуда, барои амалӣ  гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Дар ин росто, наврасону ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши худро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ  равона созанд.
Вазири корҳои дохилӣ  доир ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ибрози андеша намуда, тазаккур дод, ки онҳо бояд дар сафи пеши мубориза алайҳи ҳама гуна хатарҳо, аз ҷумла даҳшатафканӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа қарор дошта бошанд.
Рамазон Раҳимзода дар ин ҳамоиш, ки бахшида ба Соли ҷавонон сурат гирифт, бо таассуф зикр намуд, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳи дур аз тамаддуну фарҳанги аҷдодӣ, дину оин ва муқаддасоти миллӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, боиси сархамии аҳли оила, хешу табор ва наздикону пайвандон мегарданд, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Дар ду соли охир аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 100 ҷиноят содир шудааст, ки боиси нигаронист. Таъкид гардид, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар партави сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади ҷалб ва истифодаи неруи ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ниҳодҳои ҷамъиятӣ, назири дружиначиёни ихтиёрӣ ва нозирони ғайриштатии милитсияро созмон дода, ҳамкориро бо гурӯҳи ҷавонони «Авангард» самаранок ба роҳ мондааст. То имрӯз беш аз 17 ҳазор дружиначии ихтиёрӣ ва зиёда аз 5 ҳазор корманди ғайриштатии милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва роҳандозии корҳои таблиғотию ташвиқотӣ фаъолона ширкат доранд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мунтазам конфронсу семинарҳои омӯзишӣ гузаронда мешаванд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2017    №: 32    Мутолиа карданд: 3059
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед