logo

туризм

ҶАЛБИ САРМОЯ – ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Яке аз масъалаҳои ҳалталаби таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ мушкилоти маблағгузорӣ ва муҳайёсозии шароити мусоид барои ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб мераванд. Мутахассисон иброз медоранд, ки барои ҳалли он мақомоти идоракунии давлатӣ дар соҳаи туризм дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бояд барномаҳои мақсаднок таҳия ва қабул намоянд, дар чорабиниҳои байналмилалии сайёҳӣ ширкат варзанд, инфрасохтори зарурӣ бунёд созанд.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нуҳ моҳи соли гузашта воридоти сармояи хориҷӣ 5,4 миллиард сомониро ($695 миллион) ташкил дод, ки аз он  2,7 миллиардаш ($354,4 миллион) сармояи мустақими хориҷӣ мебошад. Оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ Тоҷикистон бо 37 кишвари дунё созишнома ба имзо расонда, бо 6 давлати дигар чунин лоиҳаи созишномаҳо таҳия намуда истодааст.
Омиле, ки метавонад, дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва, умуман, ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар мусоидат намояд ин ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд” мебошад. Қоидаҳои нав як қатор дигаргуниҳо, аз қабили сода намудани раванди гирифтани раводиди Тоҷикистон ва будубоши шаҳрвандони хориҷиву шахсони бешаҳрванд, ҷалби сармоягузорону сайёҳони хориҷиро дар бар гирифтааст.
Қоидаҳои тасдиқшуда ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи туризм дар кишвар равона шудаанд. Тибқи он, шаҳрвандони 78 давлате, ки  бо таври содашуда метавонанд соҳиби раводид гарданд, имкон доранд тавассути интернет бо пешниҳоди маълумоти дахлдор ва пардохти маблағ, раводиди худро аз тариқи почтаи электронӣ дастрас намоянд.
Инчунин, шурӯъ аз 1 январи соли равон дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низоми нави тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷорӣ шуд. Ба гуфтаи коршиносон ин омилҳо ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳанд кард. Онҳо иброз медоранд, ки бо мақсади ҷалбсозии сармоягузориҳо ба соҳаи сайёҳӣ баланд бардоштани иттилоотонии ҷомеаи байналмилалии соҳибкорӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва дар ин самт рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ зарур аст.
Айни замон сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ татбиқ менамояд, вале минтақаҳои асосии туристӣ ва ҳудудҳои табиию рекреатсионӣ ба сохторҳои мухталифи давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мансубанд. Ин ҷиҳат ноҳамоҳангии кори ниҳодҳои дахлдорро ба миён меоварад.
Охири соли гузашта Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед - Дара» бо ҷалби сармояи дохилӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед - Дара” таъмиру навсозӣ гардид.  Беҳдошти шароити истироҳату фароғати сокинони мамлакат, рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии имконияту шароити арзандаи пешрафти саёҳати кӯҳию варзишӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давра ба давра инфрасохтори зарурии ин соҳаи муҳими ҷомеаи навин бунёду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Маҳз бо дастгириҳои Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ мавзеи кӯҳию лижаронии “Сафед - Дара” ба маҷмааи нотакрори истироҳатию сайёҳӣ ва варзишии муосир табдил ёфт. Муҳимтар аз ҳама он дар пешбурди иқтисоди сайёҳӣ, рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар Тоҷикистон нақши бориз хоҳад гузошт.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2017    №: 32    Мутолиа карданд: 5083
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед