logo

ҳуқуқ

СУДИ ОЛӢ ВА 596 АРЗУ ШИКОЯТ ДАР ЯК СОЛ

Соли 2016 дар робита ба фаъолияти судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 596 арзу шикояти шаҳрвандон ворид шудааст. Аз ин 470 адад оид ба ҳаракатҳои нодурусти судӣ, сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳо, иҷро нашудани санадҳои судӣ буда, 128 адади дигар норозигии шаҳрвандон ба қарорҳои қабулшуда ва дигар самтҳои фаъолияти мақомоти судиро ифода мекунанд.

Дар ин бора Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иттилоъ дода, афзуд, ки ин шумора нисбат ба соли 2015 камтар аст. Тибқи арзёбии Раиси Суди Олӣ то андозае  коҳиш ёфтани арзу шикояти шаҳрвандон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар фаъолияти мақомоти судӣ беҳбудӣ эҳсос мешавад.
Ба гуфтаи роҳбарияти Суди Олӣ, мақомоти судии кишвар барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тадбирҳои судманд меандешанд. Аз ҷумла, ба манзури баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таъмини адолати судӣ маҷлисҳои сайёри судӣ ба роҳ монда шуда, дар як сол 12976 парванда дар мурофиаҳои сайёр баррасӣ гардидааст. Зимнан, соли гузашта бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содиршавии қонуншиканӣ мусоидат карданд, судҳои ҷумҳурӣ 14059 таъйиноти хусусӣ бароварда, сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷинояткорӣ, баҳсҳои гражданиро мавриди таҳлил қарор доданд. Дар натиҷа, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ 466 пешниҳод ирсол гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тамоми мақомоти давлатиро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд. Пешвои миллат, ҳамчунин вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо, ки ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардидаанд,  роҳбарони мақомоти мазкурро вазифадор карданд, ки ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя диққати махсус зоҳир намуда, шахсияти онҳоро бо тартиби муқарраргардида омӯзанд ва ба вазифаи масъулиятноки судя ҳуқуқшиносонеро пешниҳод намоянд, ки дониши хуби назариявӣ, таҷрибаи кофии касбӣ дошта, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб бошанд.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ва дигар нуктаҳои муҳими дар Паём зикршударо дас-тури кори худ қарор дода, барои рафъи камбудиҳои зикршуда ва таҳкими адолати судӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда истодааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2017    №: 33    Мутолиа карданд: 3046
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед