ҳуқуқ
АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ ВА НАҚШИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ ДАР ТАЪМИНИ ОН
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати молиявӣ соли гузашта дар ҷараёни санҷишҳои аудиторӣ ба маблағи 224 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор сохт. Санҷишҳои аудиторӣ, инчунин захира ва талафи маблағҳои буҷетиро дар ҳаҷми 63 миллиону 647 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас ба буҷет ва корхонаю ташкилотҳо зарари молиявӣ ба маблағи 51 миллиону 586 ҳазор сомонӣ барқарор гашт. Бақияи товони зарари молиявии барқарорнагардида, ҷиҳати чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои қонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардидааст.
Фаррух Ҳамрализода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки кормандони палата дар самти назорат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба Буҷети давлатӣ ва иҷроиши он дар 21 идораи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои онҳо, инчунин дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ 138 санҷиши аудиторӣ гузаронда, ба маблағи 56 миллиону 68 ҳазор сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Аз ҳисоби маблағҳои ошкоргардида 10 миллиону 432 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 22 миллиону 950 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо барқарор шудааст.
Дар кадом ниҳод зарари молиявӣ бештар ошкор гардид
Бино ба иттилои Заъфар Азимӣ, муовини раиси Палатаи ҳисоб, дар натиҷаи гузарондани санҷишҳои аудиторӣ дар як қатор вазорату идораҳо муайян гардид, ки масъулон зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд. Аз ҷумла, дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав 806 ҳазор, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи 625 ҳазор, Академияи илмҳои кишоварзӣ 114 ҳазор, Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо ширкатҳои ватанӣ аз ҳисоби рӯйпӯш намудани андозҳо ба маблағи 1 миллиону 109 ҳазор, Кумитаи андоз дар ҳаҷми 20 миллион сомонӣ, ин ҳам бошад, санҷишҳои мутақобилае, ки дар ширкатҳои ватанӣ оид ба риояи қонунгузории андоз гузаронда шудаанд, зарари молиявӣ ошкор шудааст.
Маблағҳои буҷетӣ мақсаднок
истифода мешаванд?
Бо мақсади истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, тибқи нақшаи корӣ, санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 14 шаҳру навоҳии мамлакат ба анҷом расид. Маҳмадалӣ Самиев, сараудитори Палатаи ҳисоб, бо пешниҳоди мисолҳои мушаххас аз натиҷаи санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ, зимнан тазаккур дод, ки аз ҷумла дар буҷети шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ, Ҳисор 1,3 миллион, Конибодом 845 ҳазор, ноҳияҳои Қубодиён 1,5 миллион, Тоҷикобод 503 ҳазор, Зафаробод 1,3 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 10 миллиону 570 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ товони зарари молиявӣ ба маблағи 8 миллиону 147 ҳазор сомонӣ барқарор гардида, 13 маводи санҷиш бо маблағи зарар дар ҳаҷми 1 миллиону 132 ҳазор сомонӣ барои қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол шудааст.
Аз маблағи умумии зарари ошкоргардида, яъне 224 миллион сомонӣ 92,8 миллионаш ба изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ рост меояд.
- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ иҷрои саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ, пурзӯр намудани назорати шаффофу мақсадноки истифодаи маблағҳои буҷетӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва таъмини амнияти иқтисодии давлатро дар меҳвари фаъолият қарор дода, бо мақсади роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ ва тасарруфи маблағу амволи давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад, - иброз дошт Фаррух Ҳамрализода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2017 №: 33 Мутолиа карданд: 3078