logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони афғонро пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4 августи соли 2009  як гурӯҳ вазирон ва соҳибкорони бонуфузи  Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки таҳти сарварии вазири маъданҳои ин кишвар Муҳаммад Одил Иброҳим ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ва ба амалӣ намудани мувофиқаҳое зоҳир гардид, ки ҳафтаи гузашта дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва дар мулоқоти чорҷонибаи онҳо бо ҳамроҳшавии Президенти Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе, ҳосил гаштанд.
Аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон, ки натиҷаи возеҳи роҳкушоиҳои миёни ду кишвар аст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Намоиши имрӯзаи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Афғонистон дар шаҳри Душанбе қадами навбатӣ ва таконбахши робитаҳои тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя маънидод гардид.
Ҳар ду ҷониб таъкид бар он доштанд, баҳри амалӣ намудани нақшаҳои стратегии дорои аҳамияти минтақавӣ доир ба бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ҷаҳду талош менамоянд, то ба афзоиши қобилияти истеҳсолӣ, содиротӣ ва транзитии ду кишвар дастёб гарданд. Масоили вобаста ба густариши ҳамкории фарҳангӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими сӯҳбат буд.

Муҳаммад Одил Иброҳим, вазири маъданҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки таҳти сарварии ӯ як гурӯҳ вазирон ва соҳибкорони ин кишвар ба Душанбе ташриф овардаанд, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро аз натиҷаҳои мулоқот ба хабарнигорон чунин иброз дошт:
-Зимни мулоқоти пурмӯҳтаво бо Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, мо асосан дар бораи густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ, эҷоди ҳамкориҳои минтақавӣ ва тамаддунҳои ҷадид табодули назар намудем.
Зикр гардид, ки нахустин Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодии Ҷумҳурии Афғонистон, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро  Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва утоқи тиҷорату саноеъи Афғонистон ташкил карданд, ба хотири таҳкими равобити иқтисодӣ ва тиҷории байни туҷор ва сармоягузорони Тоҷикистону Афғонистон, инчунин густариши фаъолиятҳои тиҷории ҳарду кишвар аст.
Вазир тазаккур дод, ки ин аввалин намоишгоҳ дар қаламрави Осиёи Миёна мебошад. Мо пештар Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодии Афғонистонро дар кишварҳои Аврупо, Амрико ва Чин доир карда будем. Умедвор ҳастем, ки чунин чорабиниҳо соле чанд бор дар ҳар ду кишвар баргузор шаванд.
-Мо,- афзуд Муҳаммад Одил Иброҳим,- ду миллате ҳастем, ки солҳои сол бо ҳам тамаддун сохтем ва онҳоро ба ҳайси ниёз ба дунё ба мерос гузоштем, ки чандин ҳазор сол собиқа доранд.
Имрӯз фурсати бисёр мусоид аст, ки ба унвони ду кишвари мустақил ва дӯсту бародар дар бахши эҷоди тамаддунҳои ҷадид, эҷоди ҳамкориҳои минтақавии ҷадид, эҷоди равобити иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангии  ҷадид бори дигар нақши муассири худро гузорем. Аз ин на танҳо Тоҷикистону Афғонистон, балки тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон манфиат мебинанд,- гуфт вазири маъданҳои ҶИА.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1903
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед