logo

энергетика

Чаро нархи барқ баланд шуд?

Бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  №433  дар ҷумҳурӣ аз 1 август нархи  нерӯи барқ  25 фоиз баланд бардошта шуд.
Мутобиқи дастури созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор бояд дар ҷумҳурӣ то соли 2010 қимати ҳар киловатт. соат нерӯи барқ ба 2,5 сент расонида шавад. Аҳолии кишвар акнун барои истифодаи ҳар киловатт.соат нерӯи барқ 7,5 дирам маблағ месупорад. Ин тадбир дар заминаи зина ба зина зиёд намудани нархи барқ дар кишвар ҷиҳати ба нархи барқи Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои узви ИДМ баробар намудани он аст. Ёдовар мешавем, ки нархи барқ дар кишвари мо нисбат ба тамоми кишварҳои ҳамсоя ба маротиб арзон буд ва баъди афзоиши нархи он ҳам ҳанӯз арзон боқӣ мемонад.
Шояд суоле ба миён ояд, ки созмонҳои байналмилалии асъор чӣ ваколат доранд, ки барои баланд бардоштани нархи нерӯи барқ дар кишвари мо дастур медиҳанд? Гап сари он аст, ки дар Тоҷикистон соҳаи барқ ба маблағгузории ин созмонҳо эҳтиёҷи калон доранд ва дар як вақт, дар ҳоли арзон будани нерӯи барқ хоҳишмандони маблағгузории ин соҳаи энергетика хеле кам пайдо мегарданд. Ба пиндори  мутахассиси пешбари соҳаи энергетикаи минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки умумиҷаҳонӣ Рагувир Шарма, ки вазъи энергетикии кишвари моро мавриди омӯзиш қарор додаст, бо назардошти вазъи имрӯзаи соҳаи гидроэнергетика, ки ба таҷдиду офият хеле ниёз пайдо кардаааст, имрӯз дар Тоҷикистон  ҳар киловатт. соат нерӯи барқ ба ҳисоби миёна бояд камаш 4 сент нарх дошта бошад. ӯ ақида дорад, ки зиёд кардани нархи нерӯи барқ боиси беҳбудӣ бахшидан ба таъминоти барқ мегардад. Мувофиқи назарпурсие, ки Бонки умумиҷаҳонӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаронидааст, мардум тайёранд барои барқ зиёдтар маблағ сарф намоянд, ба шарте сифати таъминоти он беҳтар гардад. Аммо барои беҳбудӣ бахшидан ба дараҷа ва сифати таъминот маблағ лозим аст. Арзонии тарифи барқ барои вусъати сохтмонҳои азими энергетикӣ низ халалҳо ворид менамояд.
Мувофиқи талаботи даврони бозаргонӣ нарху навои тамоми маҳсулоти истеъмолӣ баланд рафт, вале нархи барқ ҳанӯз ҳамчунон   хеле арзон боқӣ мондааст. Агар муқоиса намоем, нисбат ба дигар маҳсулоти талаботи аввалия, масалан орд, рӯған, ҳатто шаъму гӯгирд, нархи барқ арзон ва суръати афзоишаш пасттар аст. Барои муқоиса масалан дар даврони шӯравӣ нархи як қуттӣ гӯгирд 1 тин ва як киловатт.соат нерӯи барқ 4 тин буд. Яъне, бо як киловат.соат нерӯи барқ чор дона гӯгирд харидан мумкин буд. Ҳоло чӣ? Нархи як қуттӣ гӯгирд 10 дирам ва як киловатт.соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 7,5 дирам аст. Яъне, бар ивази 1 кВт.соат нерӯи барқ як қуттӣ  гӯгирд ҳам харидан мумкин нест. 
Барқ ҳам барои аҳолӣ ва ҳам хоҷагии халқ маҳсулоти хеле муҳим ба шумор рафта, талабот ба он меафзояд. Аз дигар тараф, агар мо хоҳем, ки дараҷа ва сифати барқ мутобиқи талабот бошад, бояд хароҷоти маҳсулоти истеҳсолнамудаамон, яъне барқ, пӯшонида шавад. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани нархи барқ дар Тоҷикистон ба манфиати тамоми ҷомеа аст. Яъне акнун лозим меояд, ки барои равнақи ин соҳаи барои ҳамаамон муҳим ва даркорӣ ва ба хотири таъминоти худамон андаке зиёдтар маблағ сарф намоем. Тавре, ки агар орди сафед харидан хоҳем, зиёдтар пул мебарорем. Ин афзоиши нархи барқ, мутмаъинем, охируамр ба манфиати кор хоҳад шуд
 Ёдовар мешавем, ки бо назардошти бӯҳрони умумиҷаҳонии молиявӣ, як марҳилаи баланд кардани нархи барқ, ки бояд моҳи май сурат мегирифт, бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар гардида буд.
Дар айни замон ягона илоҷи аз ҳад зиёд хароҷот нашудани маблағ барои нерӯи барқ сарфакорона аз он истифода бурдан аст.

Н. Ёдгорӣ,
сардори умури матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5241
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед