ҳуқуқ
МУХАДДИРОТ. БЕШ АЗ 430 КИЛОГРАММ МАВОДИ НАШЪАОВАР БА КОМИ ОТАШ РАФТ
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 430 килограмму 34 грамм маводи нашъаоварро оташ заданд.
Дар ҳоле ин миқдор маводи мухаддир, ки аз он 84 килограмму 823 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис, 107 килограмму 36 грамм афюн, 63 килограмму 08 граммашро героин ташкил медод, сӯзонда шуд, ки метавонист, дар сурати мусодира нашудан, ҷони ҳазорҳо нафарро дар хатар гузорад. Маводи сӯзондашуда аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук ҳангоми гузарондани амалиёт вижаи оперативӣ - ҷустуҷӯӣ мусодира гардидааст. Дар робита ба мусодираи маводи нашъаовар 24 парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, гунаҳгорон бо ҳукми суд ҷазои сазовор гирифтанд.
- Мо хуб дарк мекунем, ки ҳарчи қадар нашъамандию нашъаҷаллобӣ коҳиш ёбад, ҳамон қадар сатҳи таълиму тарбия ва камолоти насли наврас баланд хоҳад шуд, - иброз дошт Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба гуфтаи ӯ, ба ин васила мусодираву нобуд кардани маводи нашъаовар ҷони садҳо нафар аз марг наҷот ёфта, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пешгирӣ мешавад.
Дар маросими сӯзондани маводи нашъаовар иттилоъ дода шуд, ки соли 2016 кормандони агентӣ 200 нашъамандро муайян намуданд. Дар ин раванд 135 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва 173 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Аз онҳо 639 грамм маводи нашъаовар мусодира гардида, ба маблағи 148 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст, ки назар ба соли 2015 ду маротиба зиёд аст.
Соли гузашта аз тарафи кормандони агентӣ 13 амалиёти муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар ва 11 амалиёт бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ гузаронда шуд, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 319 килограмм воситаҳои нашъаовар мусодира гардид.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.02.2017 №: 36 Мутолиа карданд: 2682