logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ ЗИНДАГИИ МОРО БА НИЗОМ МЕДАРОРАД

Омӯзиши вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар асоси гузоришҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба беҳдошти рӯзгори мардум таъсири чашмрас гузоштааст. Ба дунболи қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз он наздики даҳ сол сипарӣ мешавад, дар доираи арзишҳои миллӣ низоми дурусти маъракаороӣ шакл гирифтааст. Вале, бо вуҷуди пешравиҳо, мушкилоте, аз қабили ҳолатҳои риоя нагардидани меъёрҳои қонун ва зиёдаравӣ пурра аз байн нарафтаанд. Саттор Маҳмудзода, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» ин ва дигар вижагиҳои қонуни мазкур, аҳамият ва нақши он дар пешрафти ҷомеа, ҳолатҳои риоя нагардидани муқаррарот ва оқибатҳои ҳуқуқии онро чунин шарҳ дод:
- Мусаллам аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун қонуни миллӣ шинохта шуда, дар беҳдошти рӯзгори мардум, баланд бардоштани иқтидори иқтисодиёти оилавӣ, аз байн бурдани ҳар гуна расму оинҳои хурофотӣ ва нолозиму серхароҷот саҳми назаррас дорад. Ин санад на танҳо ба танзими расму оинҳо мусоидат менамояд, балки ҳамагонро ҳидоят мекунад, то фарҳанги рӯзгордорӣ омӯзанд, арзишҳои фарҳанги миллӣ, суннатҳои мардумиро ҳифз ва эҳтиром намоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мардум ин ҳақиқатро ба хубӣ дарк намудаанд ва баҳри татбиқи талаботи қонун кӯшиш менамоянд.
Ин андешаро таҳлилу рақамҳои оморӣ, ки аз рӯзҳои нахустини мавриди амал қарор гирифтани қонун ба даст омадаанд, собит месозанд. Масалан, мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо соли гузашта дар ҷумҳурӣ 137590 маърака барпо шуда, хароҷот 511 миллиону 353 ҳазор сомониро ташкил дод. Агар ин рақамҳоро ба давраи то қабули қонун муқоиса намоем, фарқияти зиёде дар миён аст. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар замони қабл аз қабули қонун барои баргузории ҳамин миқдор маърака беш аз 1 миллиарду 203 миллиону 912 ҳазор сомонӣ маблағ лозим меомад. Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 692 миллиону 559 ҳазору 379 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст.
Аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида барои садҳо нафар навхонадорон манзили истиқоматӣ бунёд ёфта, садҳо нафар шароити рӯзгори худро беҳтар намуд. Ҳамзамон, имкон фароҳам омад, ки барои таҳсили фарзандон пасандоз ҷамъ оваранд ва, муҳимтар аз ҳама, дар пайи маъракаҳои серхарҷ  қарздор нашаванд.
Мутаассифона, мушкилоти ҳалталаб дар ин самт ҳанӯз ҳам кам нестанд. Ин аст, ки бо мақсади ошкор намудани қонуншиканиҳо ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ин самт комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар ҷумҳурӣ 22893 рейд гузаронданд. Санҷишҳо нишон доданд, ки ҳоло ҳам аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳолатҳои риоя нашудани талаботи қонунгузорӣ дар бахши танзим ҷой доранд. Маълумоти пешниҳоднамудаи Раёсати омори судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон исботи ҳамин гуфтаҳо буда, вобаста ба риоя накардани талаботи қонун дар соли гузашта 912 парванда ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ворид шуда, 767 парванда баррасӣ, 17 адад қатъ ва 128 адад дар истеҳсолоти судӣ қарор дорад. Маблағи аз ҳисоби ҷаримаи парвандаҳои баррасишуда 2 миллиону 427 ҳазору 590 сомониро ташкил медиҳад.
Бузургон фармудаанд, ки исроф накӯ нест ба ҷуз дар амали хайр. Пас, он чи агар сарф карданием, барои амали савоб ва ба манфиати хонадону ҷомеа бошад, на исрофу харҷи беҳуда.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2017    №: 36    Мутолиа карданд: 2859
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед