порлумон
ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН. ҲАМКОРИҲОИ ҲУҚУҚӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД
Дар асоси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод минбаъд мақомоти салоҳиятдори ду кишвар имкон доранд, шаҳрвандонеро, ки дар қаламрави ҳамдигар ҷиноят содир намудаанд ё паноҳ бурдаанд, ба тарафҳо супоранд.
Ин созишнома 16 феврал дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ ва ба тасвиб расид.
Аламшо Абдураҳмонзода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии созишномаи мазкур иброз дошт, ки он ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10 майи соли 2016, аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Ин ҳуҷҷат барои рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни ду кишвар дар самти мустаҳкам намудани ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи истирдод мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷаласа, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» баррасӣ гардид. Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади аз байн бурдани иҷозати дукарата барои амалигардонии фаъолият оид ба чопи коғазҳои қиматнок пешниҳод гардидааст. Лоиҳа тибқи талаботи «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти ҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст.
М. САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2017 №: 37 Мутолиа карданд: 4421