барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари фоҷиабори таркиши маргталабонаи террористӣ дар ибодатгоҳи шаҳри Сеҳвани музофоти Синд, ки муҷиби шаҳодати даҳҳо зоирону мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани зиёда аз 150 нафар шаҳрванди кишвар гардидааст, моро ниҳоят андуҳгин намуд.
Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки онро бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, маҳкум намуда, зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи терроризм қотеона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Покистон, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои оҷил ва комил орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2017 №: 37 Мутолиа карданд: 4449