ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Директор ва сармуҳосиби ришвахӯр ба даст афтоданд
Дар пайи муроҷиати шаҳрвандон ба Прокуратураи генералӣ директори муассисаи давлатии коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода Аҳмад Сафаров ва сармуҳосиби он Иброҳим Ҳасанов бо ҷурми ришваситонӣ аз волидони муҳассилини коллеҷ боздошт шуданд.
Дар ин бора сомонаи Прокуратураи генералӣ хабар дода, навиштааст, ки директори коллеҷи мазкур Аҳмад Сафаров ва сармуҳосиб Иброҳим Ҳасанов бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар вақти қабули ҳуҷҷатҳои довталабон бо волидони онҳо вохӯрда, шарт гузоштаанд, ки ба ғайр аз маблағи шартномавии муайяншуда, маблағи иловагӣ дар ҳаҷми аз 1000 то 1500 доллари ИМА супоранд.
Ду нафар донишҷӯе, ки волидонашон маблағи талабшударо пардохта натавонистанд, ба супурдани имтиҳонҳо роҳ наёфта, масъалаи хориҷ карданашон аз коллеҷ ба миён гузошта шудааст. Маҳз дар натиҷаи муроҷиати ҳамин волидон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ санҷиш гузаронда шуда, муайян гардидааст, ки 20 январи соли 2016 директори коллеҷ А. Сафаров аз якеи онҳо 3500 сомонӣ ва 25 январи соли 2017 сармуҳосиб аз нафари дигар 8000 сомонӣ гирифтааст. Дар рафти чорабиниҳои гузарондашуда далелҳои шайъӣ - маблағҳои ба ҳайси пора гирифташуда аз утоқи кории директори коллеҷ Аҳмад Сафаров ёфта гирифта шуд. Дар натиҷа директор ва сармуҳосиб дастгир ва нисбат ба онҳо бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои “б, в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Понздаҳ соли зиндон, дарсе барои дигарон
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Ф. Бобохонов ҳамчун аъзои фаъоли гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ф. Бобохонов бо моддаҳои 1792 қисми 2 банди “б” ва 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва маълум гардидааст, ки номбурда ҳангоми дар шаҳри Санкт - Петербурги Федератсияи Русия қарор доштанаш, тавассути интернет бо ҳар гуна матлабҳои таблиғотии ташкилоти экстремистию террористии «Давлати исломӣ» шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Вай ҳамчун аъзои фаъоли ин ташкилоти террористӣ аз ҳисоби маблағҳои худ 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳайати ин ташкилоти террористӣ ба Ҷумҳурии Сурияи Араб фиристодааст.
Мардумфиребон боздошт шуданд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чанд далели қаллобиро ошкор ва гумонбарони онро ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Бино ба иттилои сомонаи вазорат, дар асоси шикояти ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт воридгардида, маълум шудааст, ки марди 40 - солаи сокини ноҳияи Хуросон моҳи ноябри соли 2016 аз марди 32 - солаи сокини шаҳри Душанбе 190 ҳазор ва аз зани 24 - солаи сокини ноҳияи Хуросон 703 ҳазору 556 сомонӣ гирифта барнагардондааст.
Дар шаҳри Истаравшан низ кормандони милитсия ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 36-солаи сокини шаҳрро, ки қаблан бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба гумони даст доштан ба ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд. Гумонбаршуда соли 2016 ба бовари марди 57-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, бозпас надодааст. Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.02.2017 №: 38 Мутолиа карданд: 2506