ҳуқуқ
ҚОЧОҚ. ИН ДАФЪА ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТӢ
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани молу маҳсулоти тариқи қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, инчунин аз муомилот гирифтани молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии шаҳрвандон зараровар дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда тадбирҳои муассир меандешад. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам соҳибкороне пайдо мешаванд, ки хилофи муқаррароти қонунгузории гумрукӣ амал намуда, бо роҳи қочоқ ба кишвар молу маҳсулот ворид мекунанд.
Ахиран аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки шаҳрванд Б.Ҷ. даст ба ҷиноят задааст. Номбурда ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт 20-уми январи соли равон ба воситаи автомашинаи тамғаи «ДАФ» аз шаҳри Толятии Федератсияи Русия зиёда аз 150 номгӯй қисмҳои эҳтиётии автомашинаи сабукрави тамғаи «ВАЗ» - ро бо роҳи қочоқ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ба сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст. Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ воситаи нақлиёти зикршуда ошкор ва санади дахлдор тартиб дода шуд.
Мувофиқи маълумоти ҶДММ «Султони Кабир» арзиши қисмҳои эҳтиётии вориднамудаи ин қочоқчӣ 1 миллиону 108 ҳазору 705 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои қасдона ба давлат зарари калони моддӣ расонда шудааст. Дар асоси далелҳои зикршуда, Прокуратураи генералӣ нисбат ба Б.Ҷ. бо аломати моддаи 289 қисми 1 (қочоқ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 4644 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор шудааст, ки 61 ададаш ҷиноят буда, аз он 30 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 4 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 27 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрукӣ марбут мебошанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.02.2017 №: 38 Мутолиа карданд: 2480