logo

ҳуқуқ

БЕИНСОФӢ. АЗ ТАҚСИМОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН ТО НАЙРАНГҲОИ ГУМРУКӢ

Бо дахолати мақомоти прокуратура  дар ҷумҳурӣ 11 296 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шуда, пас аз санҷишҳои қонунгузории замин 889  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Новобаста аз чораҳои андешидашуда риояи қонунгузории соҳаи мазкур дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дар ҳолати ногувор буда, харидуфурӯши замин то ҳол идома дорад.

Ин матлабро Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 феврал зимни ҳисобот ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баён намуд. Бино ба гуфтаи Прокурори генералӣ санҷиши ҳолати қонунгузории замин дар ноҳияи Рӯдакӣ  муайян намуд, ки дар ҳудуди он якчанд гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба харидуфурӯши замин, махсусан заминҳои кишоварзӣ, даст задаанд.  “Танҳо дар ҳамин ноҳия 800 ҳолати ғайриқонунӣ ҷудо кардан ва харидуфурӯши 210 гектар замин ба маблағи 4,7 миллион доллар ошкор ва вобаста ба ин ҳолатҳо 73 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Чунончи, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо роҳбарии саҳмдори хоҷагии деҳқонии “Фирдавс” қариб 10 гектар замини корами обии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияро ба маблағи зиёда аз 450 ҳазор доллар ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхтааст”.
Дар идомаи гузориши худ Прокурори генералӣ гуфт, ки ин гуна мисолҳо зиёд буда, дар натиҷаи чунин амалҳо танҳо дар давоми ду соли охир, бинобар ғайриқонунӣ тақсим намудани 170 гектар, аз ҷумла 114 гектар замини корами обӣ 58 хоҷагии деҳқонии ин ноҳия ба пуррагӣ барҳам хӯрдаанд. Дар ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ 112 нафар ҷинояткор муайян гардида, 28 нафар ба ҳабс гирифта шуд ва зарари молиявӣ ба маблағи  2,7 миллион сомонӣ барқарор гардид. 
Дар робита ба  худсарона ишғол намудани замин дар шаҳри Ҳисор Прокурори генералӣ иброз дошт, ки дар масоҳати 6 гектар  ғайриқонунӣ сохтани 65 манзили истиқоматӣ ошкор шуда, аз натиҷаи санҷиш 78 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 50 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд.
- Мақомоти прокуратура ба барқарор намудани зарарҳои иқтисодӣ, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз  ва пардохтҳои гумрукӣ, пешгирии қочоқи молу маҳсулот ва мусоидат ба солимгардонии вазъи молиявии бонкҳо  диққати ҷиддӣ  дода, дар ин самт 495 миллион сомонӣ зарари молиявиро барқарор намуд, ки нисбат ба соли гузашта 135 миллион сомонӣ  ё 38 дарсад зиёд аст, - иброз дошт Прокурори генералӣ ва афзуд, ки  282 миллион сомонии он ба манфиати давлат рӯёнда шудааст.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ баҳри пардохти пурраи андозҳо ва кам кардани бақияпулиҳои онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд. Дар маҷмӯъ, бо дахолати прокурорҳо 236 миллион сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет  ворид  шуда, ба судҳо 50 аризаи даъвогӣ оид ба рӯёндани 24 миллион сомонӣ қарзи андоз пешниҳод гашт  ва  пинҳон кардани андозҳо ба маблағи зиёда аз 25 миллион сомонӣ ошкор  шуд. Чунончи, шаҳрванд  К. Муҳаммадшоев  дар давоми солҳои 2013-2016 бидуни қайд дар мақомоти андоз ба бунёд ва фурӯши хонаҳои истиқоматӣ машғул шуда,  4,5 миллион сомонӣ маблағи андозро пинҳон намудааст. 
Тибқи гузориш, амалияи назорати прокурорӣ нишон додааст, ки иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ на танҳо ба кам шудани воридот ва содирот, балки ба  мавҷудияти ҳолатҳои зиёди қочоқи молу маҳсулот, кам нишон додани миқдор ва арзиши моли воридшуда  ва дигар омилҳои субъективӣ вобаста аст. Аз тарафи гурӯҳи корӣ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти гумрук 828 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ошкор гашта, нисбат ба гунаҳгорон 160 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 12 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Дар рафти санҷишҳо ҳолатҳои бо роҳи қочоқ  ба ҷумҳурӣ ворид намудани маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии инсон зараровар  низ ошкор гардиданд. Ба гунаи мисол, соҳибкори инфиродӣ Н.Зайдова аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 94 номгӯи маҳсулоти гуногуни хӯрокаи пастсифатро  ба миқдори 68 тонна ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба ҷумҳурӣ ворид намуда, ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардааст.
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод иброз дошт, ки ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо тадбирҳои амалӣ ва самарабахш андешида шуда,  минбаъд низ дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон, мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишвар кормандони прокуратура саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт. 
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2017    №: 38    Мутолиа карданд: 2427
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед