logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо   Ғуфрон  БОЙМАТОВ - узви Иттифоқи  адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Айналишо АЙНАЛИШОЕВ, муовини сардори Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд собиқ шавҳарам аз қайди манзили истиқоматие, ки дар асоси шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос ба ман тааллуқ дорад, кӯчонда шуда, ҳамзамон аъзои оилаи молик, яъне ман дониста шудааст. Суд як қисмати даъвои маро дар мавриди аз манзили истиқоматӣ кӯчондани охирон рад кардааст. Ҳангоми дар ин манзили истиқоматӣ зиндагии якҷоя доштанамон собиқ шавҳарам якчанд маротиба маро мавриди латукӯб қарор дода буд, ки дар ин бора ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба суд пешниҳод шудааст. Оё ин ҳалномаи судӣ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда мутобиқат дорад?

Таҳмина, сокини шаҳри Хуҷанд

- Тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ аз қайди манзил кӯчонда шудани шаҳрванд, аз ҳуқуқи истифодабарии манзил маҳрум гардидани ӯро ифода мекунад. Агар собиқ шавҳаратон шуморо якчанд маротиба мавриди латукӯб қарор дода, қоидаҳои зиндагонии умумиро мунтазам вайрон карда бошад, пас суд метавонист дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ӯро дар баробари аз қайди манзил кӯчондан, масъалаи аз хона кӯчонданашро низ ҳаллу фасл намояд. Дар ин ҳолат шумо ҳуқуқ доред, ки аз болои ҳалномаи суди зинаи аввал ба суди марҳалаи кассатсионӣ шикояти кассатсионӣ баред.

- Кадом намудҳои фаъолият ба ҳисоби собиқаи корӣ дохил мешаванд?
М. СОБИР, сокини ноҳияи Ишкошим

-  Ба собиқаи корӣ фаъолияте дохил мешавад, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар корхонаю муассисаҳо, ташкилоту кооперативҳо, сарфи назар аз истифодаи шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ, инчунин дар асоси узвият дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар кооперативҳо, новобаста аз хусусияту давомнокии кор ва муддати танаффус, иҷро карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 63 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба собиқаи  корӣ, инчунин ҳар коре, ки зимни иҷрои он корманд мавриди суғуртаи иҷтимоии давлатӣ қарор гирифтааст,    фаъолияти эҷодии аъзои иттифоқҳои эҷодӣ, хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ, таҳсил дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳо, аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ, корношоямии муваққатӣ, ки дар давраи кор ба амал омадааст, вақти ни-гоҳубини маъюби гурӯҳи 1 ё  бачаи  маъ-юби то 16 - сола, нигоҳубини пиронсоли ба синни 80 расида, вақти нигоҳубини кӯдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то вақти ба синни 3 расидани ҳар як кӯдак, ҷамъ ба муддати умумии 6 сол дохил карда мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 2383
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед