ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
24 ҳазор доллар барои фурӯши замин
Сокини 34 – солаи шаҳри Душанбе бо роҳи сохтакорӣ қарори раиси яке аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рӯдакиро тартиб дода, бо роҳи фиреб аз 4 сокини шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ 24 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст ва барои онҳо қитъаҳои замин ҷудо намудааст. Доир ба далелҳои ҷойдошта парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар додааст.
Боздошти моли қочоқӣ ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ
Кормандони раёсати мубориза бар зидди ҳуқуқшиканиҳои гумрукии Хадамоти гумруки кишвар шаҳрванди Тоҷикистон Б.Ҷ. – ро, ки моли зиёдро бидуни назорати гумрукӣ тавассути тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мехост ба қаламрави Тоҷикистон ворид намояд, дастгир намуданд. Чунончи, шаҳрванд Б.Ҷ., Соҳибкор, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт 20 январи соли ҷорӣ дар мошини тамғаи «ДАФ» аз шаҳри Толятии Федератсияи Русия зиёда аз 150 номгӯй қисмҳои эҳтиётии автомашинаи тамғаи «ВАЗ» - ро бе барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст. Воситаи нақлиётӣ, ки бо он соҳибкори қаллоб бори қочоқашро гузарондааст ва бор дар ҳудуди деҳаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардид. Арзиши молҳои қочоқӣ, тибқи маълумотномаи ҶДММ «Султони Кабир» 1108705 (як миллиону яксаду ҳашт ҳазору ҳафтсаду панҷ) сомониро ташкил медиҳад. Нисбати Б.Ҷ. аз ҷониби Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Интиқоли «Тойота ландкрузер» бе расмиёти гумрукӣ
Кормандони Хадамоти гумруки кишвар ҳангоми гузарондани амалиёти ҷустуҷӯии фаврӣ дар ноҳияи Ҷайҳун мошини тамғаи «Тойота ландкрузер – 200» - ро (соли бароришаш – 2016, рангаш сиёҳ, рақами давлатиаш Н842 СО 0777, нархаш 480 ҳазор сомонӣ), ки таҳти идораи Муҳаммад Наим, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, қарор дошт, боздошт намуданд. Маълум шуд, ки мошини мазкур аз тарафи шахсони номаълум бе барасмиятдарории гумрукӣ ба таври қочоқ ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардидааст. Оид ба ҳолати ҷойдошта аз ҷониби Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардид. Тафтишот идома дорад.
Тасарруфи 1 миллион доллари муштариёни пасандозгузор
Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд собиқ директори ташкилоти қарзии хурди ҶДММ «Ҳамдастӣ» С. Почоҷоноваро ба муҳлати 17 солу 4 моҳ равонаи маҳбас намуд. Тавре аз суди шаҳри Хуҷанд ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, С.Почоҷонова дар вазифаи роҳбари ташкилоти «Ҳамдастӣ» кор карда, пасандози муштариёнро ба маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ тасарруф намудааст. Ҷиноятро кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ошкор сохтаанд.
Дуздии барқ
Санҷиши муштараки гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мутахассисони соҳаи барқ муайян кард, ки устои кафшергари барқӣ, сокини 25 - солаи кӯчаи Маяковскийи пойтахт қувваи барқро 6 моҳ ғайриқонунӣ - бе ҳисобкунаки барқӣ истифода бурда, бо ин амалаш ба ШСХК “Барқи тоҷик” ба маблағи 5920 сомонӣ зарар расондааст. Ҳамчунин, тавре маркази матбуоти ВКД иттилоъ додааст, гурӯҳи муштараки вазорат бо дигар хадамотҳо якчанд қонуншиканӣ дар самти дуздии неруи барқ, риоя накардани талаботи қоидаҳои одитарини санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхторро аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ошкор намуд. Аз ҷумла, соҳибкор Муҳиддин Муҳсинов, соли таваллудаш 1977, дар коргоҳи нонпазии хеш, воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт, ду хати неруи барқ - яке ба ҳисобкунаки барқӣ пайваст (яъне барои чашмбандӣ) ва дигараш берун аз ҳисобкунаки барқӣ (ба таври дуздӣ барои нонпазӣ дар ду тафдони дигар) кашида, доимӣ истифода бурдааст. Дар ин коргоҳ ҳатто талаботи одитарини санитарию эпидемиологӣ ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя намешаванд.
Исрофкорона истифода бурдани қувваи барқ ва сарфи назар намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ошхонаи «Истиқлол» аз ҷониби соҳибкор Ҳасан Умаров, соли таваллудаш 1966, ошкор шуд. Ӯ дидаву дониста бо истифода аз асбоби ғайристандартию сермасрафи барқӣ ба пухтани самбӯса машғул гардидааст. Сокини 29 - солаи кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе муддати се моҳ қувваи барқро ғайриқонунӣ, бе ҳисобкунаки барқӣ истифода бурда, ба маблағи 3930 сомонӣ зарари моддӣ расондааст. Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои дахлдор татбиқ гардид.
С. АЗИЗОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.02.2017 №: 40 Мутолиа карданд: 2310