logo

ҳуқуқ

РИСОЛАТИ ВАТАНДОРӢ

Хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли 24 соли фаъолият барои ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу субот аз худ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ҳомиёни диловари Ватан буданашонро собит сохтанд. Мо - ҷавонон ҳаргиз қаҳрамонию ҷоннисории онҳоро фаромӯш нахоҳем кард. 
      
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони меҳандӯсту ватанпараст, худшиносу худогоҳ бояд зимни адои хизмати ҳарбӣ, такмили малакаю маҳорати ҷангӣ ва обутоби ҷисмонӣ ин вазифаи муқаддаси худро бо ҳисси ифтихор ва масъулияти баланд иҷро намояд. Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҷисмонӣ ва ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизати хоки поки Ватанро ба дигарон меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, таҳкими сулҳу субот, осоиштагии мардум ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад, мо бояд тамоми дониш, таҷриба ва маҳорату малакаи худро барои фардои дурахшони ин куҳандиёр сарф намоем. Сокинони мамлакат ҳис намоянд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши тавоно доранд ва онҳоро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо ҳимоя карда метавонад. Ҳарчанд, Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахасисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба неруи пуриқтидор табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарон, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагӣ нишон дод.
Мо - ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд мисли онҳо далеру шуҷоъ бошем, бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ даст ба корҳои созандагию бунёдкорӣ зада, кишвари маҳбубамонро боз ҳам зебову шукуфон гардонем ва нагузорем, ки ҳеҷ бадхоҳе  амнияту осоиши мардумамонро халалдор созад. 
Шариф НАБОТОВ,
корманди  Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2017    №: 40    Мутолиа карданд: 2364
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед