logo

ҳуқуқ

БЕМАСЪУЛИЯТӢ БА БЕНИЗОМӢ МЕБАРАД...

Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баъд аз Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дувумин қонуни миллист, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ тарбия менамояд. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ  ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки таълими ин ду қонуни миллиро дар муассисаҳои таълимии кишвар ба роҳ монад. 
Таъмини иҷрои меъёрҳои қонуни мазкур таҳти назорати  мақомоти  прокуратура қарор дорад. Ин ниҳод барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон дар соли сипаришуда чӣ чораҳо андешид ва санҷишу таҳлилҳо чиро нишон доданд? Баракатулло Камолзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат иброз дошт, ки  ҷиҳати сари вақт ва самаранок амалӣ намудани чорабиниҳои пешбинигардида аз ҷониби кормандони прокуратура 1785 суҳбату вохӯрӣ, аз ҷумла 157 маротиба  тавассути воситаҳои ахбори омма - телевизион, радио ва рӯзномаю маҷаллаҳо баргузор ва як қатор санҷишҳои прокурорӣ гузаронда шуд. Санҷишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таъмини иҷрои уҳдадориҳои дар Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешбинигардида, бахусус муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, эҳтиром намудани шаъну шарафи фарзанд, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон, падару модарон, мақомоти давлатӣ ва дигар муассисаҳое, ки масъалаҳои  ба таълиму тарбияи кӯдак вобастаро танзим мекунанд,  дар баъзе маврид ба таври дахлдор ба иҷро намерасанд.
Аз натиҷаи санҷиши қонуни зикршуда баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 3342 санади эътинои прокурорӣ, аз ҷумла    313 амр, 174 эътироз, 253 пешниҳод бароварда, 2602 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ,  моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 435  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Назар ба гуфтаи  мавсуф, ҳолатҳои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан асосан бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои бо қонунгузорӣ пешбинишуда аз ҷониби шахсони масъул бо дастрасии талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Чунончи, сокини ноҳияи Лахш Ҳ. Ҷаҳонгиров  фарзанди ноболиғаш, хонандаи синфи 6  Қ. Ҷаҳонгировро ба тайёр кардан ва фурӯши маводи хӯрокворӣ  ҳидоят намудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур  нисбат ба  Ҳ. Ҷаҳонгиров бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Дар баробари падару модарон омӯзгорон низ иштироки ҳатмии хонандагонро таҳти назорат қарор надода, беэътиноӣ зоҳир намудаанд, ки дар натиҷа онҳо ба амалҳои номатлуб даст задаанд. Масалан,  муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 63 - и ноҳияи Шоҳмансур А.  Нуруллоев  ҳолатҳои аз  47 то 144 соат дар дарсҳо ҳозир нашудани 15 нафар хонандаро мавриди санҷиш ва чораандешӣ қарор надодааст, ки дар натиҷа хонандаи синфи 9 «д» Н. Хоҷаев  даст ба ҷинояти дуздӣ задааст. Инчунин, дар рафти санҷишҳо  ҳолатҳои аз ҷониби омӯзгорон паст задани шаъну шараф ва поймол намудани ҳуқуқу манфиатҳои хонандагон ошкор  шуд. Масалан, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ З. Каримова вобаста ба ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактаб ба хонандаи синфи 9 «г» Ш. Зубайдулло дар байни хонандагон суханҳои ношоиста гуфта, шаъну шарафашро  паст задааст, ки дар натиҷа ӯ муддати 3 ҳафта аз таҳсил дур мондааст. Чунин ҳолатҳо дар фаъолияти дигар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ошкор гардида, омӯзгорон ва шахсони масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар давраи таҳлилӣ аз ҷониби  прокурату-раҳои шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон  нисбат ба 68 омӯзгор ва роҳбари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳои  дар моддаи 12 қонун пешбинишуда, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва  барои баррасӣ ба судҳо ирсол гардиданд.
Мунаввари  САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 2254
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед