ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Меъмори заминфурӯш ба ҷавобгарӣ кашида мешавад
Баҳодур Гулмаҳмадов, мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти коррупсионӣ дастгир гардид.
Бар пояи иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, номбурда бо роҳи фиреб ба бовари як гурӯҳ шаҳрвандон даромада, дар панҷ ҳолат аз онҳо барои ҷудо намудани 0,06 гектарӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳар нафар 8000 сомонӣ талаб намуда, дар маҷмӯъ 40 000 сомониро гирифта, тасарруф намудааст.
Дар пайи ин амал нисбат ба Баҳодур Гулмаҳмадов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Марди тамаъҷӯ дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт
Аз ҷониби кормандони милитсия дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 37- солаи шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан дар ҷинояти тамаъҷӯӣ боздошт шудааст.
Сомонаи вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар дода, менависад, ки гумонбаршуда рӯзи 14-уми феврали соли 2017 ҳангоми дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз зани 56-солаи сокини шаҳри Душанбе, духтури занонаи яке аз марказҳои саломатии пойтахт, бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда 600 евро ва 12 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст.
Марди тамаъҷӯ рӯзи 16 феврал дар вақти такроран гирифтани 1000 доллари амрикоӣ ба даст афтода, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Ғоратгари фирорӣ ба даст афтод
Дар асоси муроҷиати зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, кормандони ин ниҳод як нафарро ба гумони ғоратгарӣ дастгир карданд.
Ин зан ба мақомоти корҳои дохилӣ арз кардааст, ки баъд аз зӯҳри 20 феврали соли ҷорӣ ҳангоми дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ ҷузвдонашро, ки дар дохилаш 860 сомонӣ ва як адад корти бонкӣ, ҷамъ ба маблағи 1980 сомонӣ дошт, рабуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар робита ба ҳодисаи ғоратгарӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар муайян ва боздошт намуданд. Айни ҳол, вобаста ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.02.2017 №: 42 Мутолиа карданд: 2220