порлумон
БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ. ҚОНУНИ НАВ ДАР ТАЪМИНИ ОН МУСОИДАТ МЕКУНАД
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ба тасвиб расид.
Баҳром Абдуалимов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, иброз дошт, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонун таъмини бехатарии сейсмикии аҳолӣ мебошад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқию ташкилӣ дар соҳаи баҳодиҳии хатар, сохтмони бино ва иншооти ба заминҷунбӣ тобовар, огоҳкунии пешакиро танзим менамояд. Ҳадафи қонун рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ, пешгӯии он, муҳофизат ва бехатарии сейсмикӣ, аз ҷумла таъмини қобилияти ба заминҷунбӣ тобовари биною иншоот, таъмини бехатарии ҳаёти одамон ва беосеб нигоҳ доштани таҷҳизоти арзишнок ҳангоми ба вуқӯъ омадани заминҷунбӣ маҳсуб меёбад.
Илҳомҷон Оймаҳмадзода, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ташреҳи лоиҳаи қонун зикр кард, ки бехатарии сейсмикӣ бо роҳи риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва талаботи ҳифзи сейсмикӣ, гузарондани чорабиниҳои муайяне, ки ба паст кардан ё амалан бартараф намудани сабабҳои осебпазир ва маҳдуд намудани таъсири манфии омилҳои ноустувори таъсири заминҷунбӣ ба аҳолӣ дар минтақаҳои эҳтимолии ҳолатҳои фавқулодаи характери сейсмикидошта ба ҳисоб меравад. Дар лоиҳаи қонун самтҳое, ки ба бехатарии сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон равона шудаанд, дарҷ гардидаанд.
Қабули қонуни мазкур барои ба низом даровардани корҳо оид ба бехатарии сейсмикӣ равона гардида, ба рушди илми сейсмология мусоидат хоҳад кард.
Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷуҳ ба минтақаи сейсмикӣ будани Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди доштани Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, инчунин дигар сохторҳои пурқуввати марбут ба он огоҳсозии пешакӣ суст ба роҳ монда шудааст. Чунин ҳолат дар пешгӯии офатҳои табиат дар фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой дорад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.02.2017 №: 42 Мутолиа карданд: 4032